Давлатзода даъвоҳои дипломатҳои хориҷиро беасос хонд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода изҳороти бархе аз дипломатҳои хориҷӣ дар бораи баланд будани сарбории андоз дар ҷумҳуриро беасос унвон кард.

Дар робита ба изҳороти сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар оид ба мушкилоти коррупсия ва андозҳои баланд ӯ зимни нишасти хабарӣ қайд кард, ки сафир мегӯяд, ин масъалаҳоро баррасӣ мекунад, вале мушаххас намекунад, ки маҳз кадом мушкилоти пардохти андозро дар назар дорад.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 13 январ Ясмин Гуедар ба рӯзноманигорон изҳор карда буд, ки ширкатҳои фаронсавӣ дар Тоҷикистон ба мушкилот дучор мешаванд ва масъалаи марбут ба ширкати Total-ро ба гунаи мисол овард.

«Вазифаи ман бо ҳукуматдорони тоҷик ошкоро баррасӣ кардани ин масъала аст, аз ҷумла баррасии масъалаи андозбандӣ. Ҳамчунин доир ба коррпусияи мавҷуда сухан гуфтан низ зарур аст. Рисолати ман ҳимояи ширкатҳои фаронсавӣ аст», – иброз дошта буд ӯ.

Раиси Кумитаи андоз дар ин робита зикр кард, ки байни Кумита ва ширкати Total баҳсҳо оид ба андоз вуҷуд доранд, ки аз соли 2013 ҳамроҳ бо Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC)  ва ширкати канадагии Tethys дар ҷануби ҷумҳурӣ ба ҷустуҷӯи нафту газ машғуланд.

Давлатзода қайд кард, ки бо роҳбари Total чандин маротиба вохӯрда, мурофиаи баррасии масъала дар суд боздошта шудааст. «Бо дархости мо ширкат ҳуҷҷатҳои иловагиро пешниҳод намуд, ки мутахассисон мавриди омӯзиш қарор додаанд. Баъди ин баррасии масъала дар суд идома меёбад», – изҳор кард номбурда.

«Мушкили асосӣ дар он ифода меёбад, ки ширкатҳои хориҷӣ ҳуҷҷатҳояшонро бо забони тоҷикӣ роҳандозӣ намекунанд, ҳарчанд қонунгузорӣ инро талаб дорад, – гуфт раиси Кумита. – Аққалан ҳуҷҷатҳоро бо забони русӣ омода мекарданд, то ки дар бораи чӣ сухан рафтан дар онҳо маълум шавад».

Дар робита ба изҳороти сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов доир ба коҳиши ҳаҷми сармоягузориҳо аз Русия бар асари «меъёрҳои баланди андоз, бахусус дар бахши телекомуникатсионӣ», раиси Кумита қайд кард, ки шароиту сарбориҳои пардохти андоз дар ҷумҳурӣ барои ҳама,  ҳам ширкатҳои хориҷиву ҳам ширкатҳои ватанӣ якхелаанд.

«Дар бораи даъвоҳо оид ба андоз нисбати ширкатҳои алоқаи мобилии русиягии «Билайн» ва «Мегафон» гуфтаниам, ки агар онҳо мутобиқи қонунгузорӣ кор мекарданд, ба мушкилот дучор намешуданд, – таъкд дошт Давлатзода. – Андозҳоро рӯйпӯш сохта, маълумоти носаҳеҳ пешниҳод мекунанд ва аз ин рӯ, табиист, ки ҷаримабандӣ шуда, баъдан аллакай маблағро бо фоизҳояш пардохт мекунанд». 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.