Соли гузашта «Тоҷикматлубот» ҳудуди 2 ҳазор тонна сабзавоту мева содирот кард

Раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусайн Идиев ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта ба хориҷи кишвар аз Тоҷикистон 1,7 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 1,1 ҳазор тонна пиёз, 520,6 тонна зардолу ва 39,6 тонна гелос содирот шудааст. Ба гуфтаи ӯ, «Тоҷикматлубот» сол то сол ба фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ дар бозорҳои дохилу хориҷи […]

Акмал Маннонов, Asia-Plus

Раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусайн Идиев ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта ба хориҷи кишвар аз Тоҷикистон 1,7 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 1,1 ҳазор тонна пиёз, 520,6 тонна зардолу ва 39,6 тонна гелос содирот шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, «Тоҷикматлубот» сол то сол ба фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ дар бозорҳои дохилу хориҷи кишвар густариш бахшида, шарикони асосии Иттифоқ Афғонистону Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.

«Соли гузашта ҳаҷми даромади умумии Иттифоқ дар ҳама самтҳо 90 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соле пештар аз ин 898 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст, – иброз дошт номбурда. – Соли гузашта аз ҳисоби пардохти андоз «Тоҷикматлубот» ба буҷети ҷумҳурӣ 35,3 млн. сомонӣ маблағ ворид кард».

Раиси Иттифоқ зикр кард, ки айни замон дар қаламрави кишвар дар соҳаи матлубот 73 бозор бо беш аз 16,3 ҳазор фурӯшгоҳҳо ва зиёда аз 3,7 ҳазор дӯкону мағозаҳо амал карда, соли 2016 ҳаҷми умумии даромади бозорҳо 22,8 млн. сомониро ташкил додааст.

Зимнан зикр гардид, ки «Тоҷикматлубот» дорои шабакаҳои хӯроки умумӣ низ буда, дар ҷумҳурӣ 187 корхонаҳои хӯроки умумӣ, аз ҷумла 15 тарабхона, 57 чойхонаҳо ва 115 ошхона фаъолият доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.