ВКД: тоҷиконе, ки дар Туркия ҷустуҷӯ мешаванд, бо террористон робита доранд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон аз ҷониби мақомоти Туркия бо нишондоди Абдулқодир Машарипов ҷустуҷӯ мешаванд, ҳақиқатан ҳам метавонанд бо созмонҳои террористӣ робита дошта бошанд. «Нисбати шахсоне, ки ҳозир дар робита доштан бо Машарипов гумонбар мешаванд, мо ба Туркия дархост ва маълумот ирсол карда, […]

Asia-Plus

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон аз ҷониби мақомоти Туркия бо нишондоди Абдулқодир Машарипов ҷустуҷӯ мешаванд, ҳақиқатан ҳам метавонанд бо созмонҳои террористӣ робита дошта бошанд.

«Нисбати шахсоне, ки ҳозир дар робита доштан бо Машарипов гумонбар мешаванд, мо ба Туркия дархост ва маълумот ирсол карда, хабар додем, ки ин шахсон барои содир кардани ҷиноятҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, аъзои созмонҳои террористӣ мебошанд, вале ба дархостамон посух нарасидааст, – иброз дошт вазир. – Доир ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо созмонҳои террористӣ алоқаманданд, мо ба Туркия беш аз 20 дархост фиристодем, вале ба ҳеҷ кадомаш то ҳол посух нагирифтаем».

Ба қавли Раҳимзода, акнун замоне, ки ҳукуматдорони Туркия доир ба робитаҳои Машарипов бо шаҳрвандони Тоҷикистон хабар дод, Вазорат ҷиҳати боздошти онҳо бо мақомоти Туркия фаъолона ҳамкорӣ хоҳад кард.

«Дарҳол баъди содир шудани амали террористӣ дар клуби шабонаи Reina дар шаҳри Истанбул ВКД Тоҷикистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия фаъолона ҳамкорӣ дошт, – қайд кард Раҳимзода. – Мо ба ҳамаи дархостҳои онҳо посух дода, дар натиҷа маълум шуд, ки шахси амали террористиро содирнамуда шаҳрванди Тоҷикистон нест».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 18 январ чанде аз васоити ахбору умуми Туркия иттилоъ доданд, ки бар асоси баёноти Абдулқодир Машарипов, ки дар ҳамла ба клуби шабона айбдор карда мешавад, 27 нафар боздошт шудаанд, ки 15 нафари онҳо занон ва ҳамроҳи калонсолон 29 нафар кӯдакон низ будаанд ва миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.