Амалиёти муштараки «Тозакунӣ» дар пойтахти ҷумҳурӣ

Ситоди якҷояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, ғайриқонунӣ аз худ кардани замин ва ошкоркунии дигар ҳуқуқвайрокуниҳо амалиёти муштараки «Тозакунӣ» гузаронида истодааст. Дар ҷараёни баргузории […]

Asia-Plus

Ситоди якҷояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, ғайриқонунӣ аз худ кардани замин ва ошкоркунии дигар ҳуқуқвайрокуниҳо амалиёти муштараки «Тозакунӣ» гузаронида истодааст.

Дар ҷараёни баргузории амалиёт риояи реҷаи шиносномавӣ дар шаҳр санҷида шуда, шахсоне, ки дар пойтахт қайди муваққатӣ надоранд, ошкор карда мешаванд. Амалиёт бо мақсади таҳти назорат гирифтани манзилҳои сокинони шаҳр, ки бидуни риояи қонунгузорӣ ба иҷора дода мешаванд ва зери назорати қатъӣ гирифтани муҳоҷирати дохилӣ аз минтақаҳо ба пойтахт амалӣ мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» яке аз иштирокчиёни амалиёт, афсари ВКД-и ҷумҳурӣ хабар дод, танҳо дар ду рӯзи баргузории амалиёт дар маҳаллаҳои «Зарафшон» ва «Испечак» даҳҳо манзилҳое ошкор шудаанд, ки бидуни тартиб додани қарордоде ва мутаносибан пардохт накардани андоз аз ҷониби соҳибони ин хонаҳо ба иҷора дода шудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар рафти гузаронидани амалиёт маълум гардидааст, ки дар бисёре аз хонаҳои истиқоматии баландошёнаю боҳашамат меъёри барқ бемаҳдуд дар ҳамом ва буғхонаҳо (сауна) бе ҳисобгиракҳои барқӣ истифода бурда шудаанд, ки ин ҳолатҳо боиси норасоии қувваи барқ ба аҳолӣ гаштааст.

«Ҳамчунин, дар рафти гузаронидани рейдҳо, инчунин ҳолатҳои зиёди худро дар қайди ҷои истиқомат нагузоштани шаҳрвандон, ғайриқонунӣ маскан шудани шаҳрвандон дар хонаҳои иҷора, вайрон намудани талаботҳои зиддисухторӣ, соҳибкории ғайриқонунӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор карда шуда истодаанд», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, минбаъд ин чорабиниҳо идома дода шуда, шахсоне, ки талаботи меъёрҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро вайрон кардаанд, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ба воситаи барномаҳои махсуси телевизионӣ нишон дода мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.