Пояи 70-метраи Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода

Asia-Plus

То соли 2035 қаламрави шаҳри Турсунзода ба андозаи 537 гектар васеъ шуда, масоҳати умумии майдони қисматии марказии шаҳр 1 ҳазору 413 гектарро ташкил хоҳад дод.

Раиси шаҳри Турсунзода Суҷоуддин Саломзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки Нақшаи нави генералии шаҳр бо ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, ба тасдиқи ҳукуамти ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.

Бино ба гуфтаи раиси шаҳр, васеъ шудани қаламрави шаҳр аз ҳисоби заминҳои се ҷамоати гирду атрофи шаҳр сурат мегирад.

«Дар нақшаи нави генералӣ аз қаламрави шаҳр баровардани бозори марказӣ ва ба ҷойи он сохтани боғи муосири фарҳангу истироҳати ба номи Мирзо Турсунзода дар назар буда, дар он ҳамчунин поя бо Парчами давлатӣ бо баландии 70 метр ва нишон бо масоҳати 35 метр бунёд мегардад, – иброз дошт номбурда.

Қайд шуд, ки айни замон дар қисмати марказии шаҳр беш аз 60 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, вале дар ин ҷо то ҳанӯз ягон боғи фароғату истироҳат вуҷуд надорад ва бо тасдиқи нақшаи нав, ин мушкилот ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Зимнан зикр гардид, ки ба таҳияи Нақшаи нави генералии шаҳри Турсунзода Ҷамъияти саҳҳомии «Шаҳрофар» (ш.Душанбе) машғул аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.