Дастгирии ғайринақдии бонкҳои дучори мушкили Тоҷикистон

Масъалаи бо пули нақд таъмин будани бонкҳои дучори мушкилоти ҷумҳурӣ бар асоси коғазҳои қиматноки пешниҳодшуда марҳила ба марҳила амалӣ шуда, қонеъ гардонидани муроҷиати бонкҳо дар ин хусус асосан дар заминаи ғайринақдӣ тарҳрезӣ шудааст. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар марҳилаи аввал Вазорати молия барои ду […]

Asia-Plus

Масъалаи бо пули нақд таъмин будани бонкҳои дучори мушкилоти ҷумҳурӣ бар асоси коғазҳои қиматноки пешниҳодшуда марҳила ба марҳила амалӣ шуда, қонеъ гардонидани муроҷиати бонкҳо дар ин хусус асосан дар заминаи ғайринақдӣ тарҳрезӣ шудааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар марҳилаи аввал Вазорати молия барои ду бонки низомсози кишвар – «Тоҷиксодиротбонк» ба маблағи 2 млрд. 250 млн. сомонӣ ва «Агроинвестбонк» ба маблағи 1 млрд. 70 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок нашр карда, онҳо дар суратҳисоби махсус дар Бонки миллӣ гузошта мешаванд ва зимни зарурат ба суратҳисобҳои муросилавии ин бонкҳо гузаронида мешаванд, вале дар бораи то ин дам аз ҳисоби коғазҳои қиматнок чӣ миқдор интиқол шудани мабалғҳо ба бонкҳо маълумот надод.

«Бонки миллӣ дар як лаҳза ҳамаи ин 3 миллиардро ҷудо карда наметавонад. Нақшаи муайяне ҳаст, ки тариқи он воситаҳои мазкур интиқол дода шуда, қисмати асосии маблағҳо тариқи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ сурат мегирад», – таъкид дошт ӯ.

Овозаҳои ба муомилот баровардани пулҳои нав баҳри таъмини нақдпазирии векселҳои нашршударо Нурмаҳмадзода қотеъона рад намуда, қайд кард, ки Бонки миллӣ барои ин кор аз захираҳои кофӣ бархӯрдор аст.

«Нашри коғазҳои қиматнок барои кори устувори бозори пули нақд ҳеҷ хатаре надорад, – изҳор дошт ӯ. – Мо ҳамаи инро ҳисобу китоб карда, як механизми муайяне таҳия намудем, ки чӣ қадар пул аз бозорҳо гирифта мешавад, аз ҷумла пулҳои кӯҳнаву фарсудашуда».

Раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ бар ин назар аст, ки сабаби ба мушкилот печидани бонкҳо пеш аз ҳама ба нодуруст идора кардани дороиҳо аз ҷониби онҳо ва пешниҳоди қарзҳо бидуни таҳлили дахлдори хатарҳо рабт дорад.

«Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ айни замон ба масъалаи баргардонидани ҳудуди 1,2 млрд. сомонӣ қарз ба бонкҳо машғуланд, – хабар дод номбурда. – Ҳамчунин қонунӣ будани пешниҳоди ин воситаҳо аз ҷониби бонкҳо низ ошкор карда мешавад». 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.