Ҳукумат имкони нашри пул бо расми Эмомалӣ Раҳмонро меомӯзад

Ҳукумати ҷумҳурӣ имкони нашри пул бо расми президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро мавриди омӯзиш қарор додааст. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки барои омӯзишу таҳлили масъалаи ба муомилот баровардани пули миллии арзишаш 1 ҳазор сомонӣ бо расми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Вазорати рушди иқтисод ва […]

Asia-Plus

Ҳукумати ҷумҳурӣ имкони нашри пул бо расми президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро мавриди омӯзиш қарор додааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки барои омӯзишу таҳлили масъалаи ба муомилот баровардани пули миллии арзишаш 1 ҳазор сомонӣ бо расми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар комиссияи махсуси ҳукумат таъсис дода шудааст.

«Ба ҳайати ин комиссия аз ҷумла мутахассисони Бонки миллӣ низ шомил буда, бар асоси хулосаи гурӯҳи корӣ ҳукумат аз рӯи ин масъала қарори ниҳоӣ қабул мекунад», – таъкид дошт раиси Бонки миллӣ.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Директори филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳияи Шаҳринав дар як маводи интишоршудааш дар ҳафтавори «Тоҷикистон» пешниҳод карда буд, ки бо назардошти хизматҳои шоёни Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои кишвару мардуми он, расми ӯ дар пули 1000 сомонӣ гузошта шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.