Ҳукумати Ҷопон дар доираи GGP 10 лоиҳаи навро дар Тоҷикистон амалӣ мекунад

Иттилоияи расмӣ

Дар сафорати Ҷопон дар Душанбе маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои 10 лоиҳаи навин дар чаҳорчўбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) баргузор гардид.

Созишномаҳои мазкур аз чониби Сафири Фавқуллода ва Комилҳуқуқи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷ-би Ҳаҷимэ КИТАОКА ва намояндагони мақомоти пазирандаи кумакҳо ба тасвиб расиданд. Маблағи умумии грантҳо 834,789 доллари ИМА мебошад.

Дар маросими мазкур ҷ-би Ҳаҷимэ КИТАОКА ба намояндагони мақомоти пазирандаи кумакхо бомуваффақ амалӣ намудани лоиҳаҳоро таманно намуд. Дар баробари таҳкими муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистон ва Япония, ҷ-би КИТАОКА азми қатъии Ҷопонро на танҳо чиҳати таъмини кумакҳои амнияти башари баҳри дастгирии мардуми Тоҷикистон, балки барои аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ-иктисодӣ дар беҳдошти сатҳи зиндагии ҷамоатҳои деҳотро хоса кайд намуд. Мақомоти пазирандаи грантҳо низ бо истифода аз фурсати муносиб бартарии чунин лоиҳаҳоро тавзеҳ дода, изҳори сипос ба Ҳукумат ва мардуми Ҷопон намуданд.

Дар чаҳорчӯбаи GGP лоиҳаҳои зайл маблағгузорӣ мешаванд:

 

  • «Лоиҳаи сохтмони бинои нави мактаби No.50 дар деҳаи “Сайёд”-и ҷамоати ба номи Турдиеви, ноҳияи Ҳамадонӣ», бо ҷ-би Абдуқодир ВАЛИЗОДА, раиси ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба маблағи 84,400 доллари ИМА тасвиб гардид;

 

  • «Лоиҳаи барқарор намудани ду пул дар ҷамоати “Яккадин”-и ноҳияи Ҷайҳун», бо ҷ-би Фотеҳ АМИНЗОДА, раиси ноҳияи Ҷайҳун ба маблағи 84,355 доллари ИМА тасвиб гардид;

 

  • «Лоиҳаи барқарорсозии бинои беморхонаи минтақавии ҷамоати “Вранг”-и ноҳияи Ишкошим», бо ҷ-би Зикрихудо САМАДОВ, раиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ ба маблағи 85,191 доллари ИМА тасвиб гардид;

 

  • «Лоиҳаи сохтмони бинои нави беморхонаи минтақавии ҷамоати “Қизиғ Рабат”-и ноҳияи Мурғоб», бо ҷ-би Мирзабай ҶОШБАЕВ, раиси ноҳияи Мурғоби ВМКБ ба маблағи 88,026 доллари ИМА тасвиб гардид;

 

  • «Лоиҳаи дастрас намудани техникаи кишоварзӣ ба ҷамоати “Сағирдашт”-и ноҳияи Дарвоз», бо ҷ-би Саидбурҳони АБДУРАХМОНЗОДА, раиси ноҳияи Дарвози ВМКБ ба маблағи 84,814 доллари ИМА тасвиб гардид;

 

  • «Лоиҳаи сохтмони бинои нави беморхонаи минтақавии деҳаи “Доғистон”-и ҷамоати “Доғистон”-и ноҳияи ба номи Шамсиддини Шоҳин», бо ҷ-би Почохон  ЗАРИФЗОДА, раиси ноҳияи ба номи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ба маблағи 85,052 доллари ИМА тасвиб гардид;

 

  • «Лоиҳаи барқарорсозии бинои мавҷуда ва сохтмони биноҳои нави мактаби No.29 дар деҳаи “Ватан”-и ҷамоати “Обшорон”-и ноҳияи Шаҳритуз», бо ҷ-би Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба маблағи 84,868 доллари ИМА тасвиб гардид;

 

  • «Лоиҳаи таъмири техника барои нигоҳдории канали обёрӣ дар ноҳияи Фархор», бо ҷ-би Сулаймон ВАЛИЗОДА ,раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба маблағи 79,800 доллари ИМА тасвиб гардид;

 

  • «Лоиҳаи беҳтар намудани системаи оби нӯшокӣ дар ноҳияи Қубодиён», бо ҷ-би Зафар ФАЙЗУЛЛОЗОДА, раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба маблағи 84,216 доллари ИМА тасвиб гардид;

 

  • «Лоиҳаи мустаҳкамкунии хоки нишебиҳои соҳили дарё ва беҳтар намудани системаи обёрӣ дар 5 деҳоти ноҳияи Роштқалъа», бо ҷ-би Ҳади ХУСЕНӢ, директори иҷроияи созмони Кумакхои Башардустона (ФОКУС) ба маблағи 74,067 доллари ИМА тавсиб гардид.

 

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ “GGP” тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд. Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 362 лоиҳаро ба маблағи умумии $29.3 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...