Дар иғвоангезиҳои марз Тоҷикистон вакилзани қирғизро гунаҳкор медонад

Asia-Plus

Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ташкили як силсила иғвоангезиҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вакили маҳаллаи деҳаи Кок-Тоши Қирғизистон Розия Усароваро гунаҳкор медонанд.

Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар робита ба муноқиша миёни ҷавонони тоҷику қирғиз, ки бар асари он чандин нафар аз ҳарду тараф ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштанд, маълумоти расмӣ пахш намуд:

«Рӯзи 22-уми январи соли ҷорӣ соати 17:10 дақиқа дар минтақаи наздисарҳадии маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чорқӯҳи шаҳри Исфара, 3 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Амаков Ёсинҷон Юнусҷонович, соли таваллудаш 1985, Хайруллохони Ализода соли таваллудаш 2000 ва Шарипов Муслиҳиддин, соли таваллудаш 2001 сол, ки сокинони маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чорқӯҳи шаҳри Исфара мебошанд, пас аз мусобиқаи варзишии футбол ба хонаҳои истиқоматии худ бармегарданд. Зимни бозгашт ва гузаштан аз деҳаи Кок-Тоши ҶҚ шаҳрвандони ҶТ аз тарафи як гурӯҳи 15 нафараи шаҳрвандони ҶҚ бе ягон асос зери лату куб қарор мегиранд.

Боиси ёдоварист, ки барои вуруд шудан ба маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара шаҳрвандони ҶТ тариқи деҳаи Кок-Тоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Ботконти Ҷумҳурии Қирғизистон мегузаранд. 

Баъди чунин ранг гирифтани ҳодиса шаҳрвандони ҶТ барои кӯмак ба нозири минтақавии маҳаллаи Сомониён ва Хоҷа-Аъло хабар мерасонанд. Дар натиҷа кормандони милитсияи Шӯъбаи ВКД-2 дар шаҳри Исфара саривақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, сади роҳи муноқиша мегарданд, аммо шаҳрвандони ҶҚ, ки дар онҷо ҷамъ шуда буданд худи онҳоро низ сангсор намуда шишаҳои  3 адад автомашинаҳои кормандони мазкурро мешикананд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамзамон ба ҷойи ҳодиса сардори ДС-и “Душанбе”  ОС-и “Исфара” ҳозир мешавад ва барои ҳаллу фасли муноқиша сардори ДС-и “Кок-Тош”-и ҶҚ-ро даъват мекунад, аммо дар вақти ҳаракат ба сӯӣ якдигар шаҳрвандони ҶҚ сардори дидбонгоҳи сарҳдиро низ сангсор мекунанд, ки дар натиҷа аз дасти росташ ҷароҳати сабук мебардорад. Дар ин ҳолат як автомашинаи сабукрави тамғаи “Матиз”, ки ба шаҳрванди ҶТ таалуқ дошт дар вақти ҳаракат аз тарафи Зарафшони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба самти деҳаи Кок-Тоши ҶҚ зери сангбор қарор гирифта шуд дар натиҷа ҳамаи шишаҳои автомашина шикаста мешавад ва худи ронанда бе ягон зарари ҷисмони бо автомашинааш аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Ҳамчунин ҳангоми сангсоркуни шаҳрвандони ҶҚ манзили истиқоматкунандаи шаҳрванди ҶТ  Холикбердиев Нозим Расулович, ки бевосита дар хати сарҳади давлатӣ ҷойгир мебошад, болопӯш ва шишаҳои тирезаи хонаашро ба хароби оварда мерасонанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони оперативии ОС-и “Исфара” муайян карда шуд, ки ташкилкунандагони муноқишаи сарзада вакили маҳаллаи деҳаи Кок-Тоши ҶҚ Розия Усарова ва сокини деҳаи номбурда Хурамов Зайниддин ном шахс мебошанд. Мувофиқи маълумотҳои воридшуда шоми худи ҳамон рӯз  Хурамов Зайниддин бо писарони худ, ки дар ҳолати масти қарор доштанд шаҳрвандони ҶТ, ки аз майдони варзишӣ бармегаштан лату куб менамоянд.

Ҳамчунин аз тарафи ҷабрдидагон, яъне шаҳрвандони ҶТ ба ҷойи ҳодиса даъват кардани кормандони милитсия аз ҳодисаи кор шаҳрванди ҶҚ Розия Усарова хабардор шуда, иловатан ба ҷойи ҳодиса ҷавонони деҳаи Ақ-Татири ҷамоати деҳоти Равоти ҶҚ-ро даъват мекунад. Ҳангоми ҷамъ шудани шумораи зиёди шаҳрвандони ҶҚ дар ҷойи ҳодиса муноқишаи мазкур авҷ мегирад. Сипас ба ҷоий ҳодиса Раиси ноҳияи Боткони ҶҚ Салихов Кениш Каримович, сардори отряди сарҳадии “Боткон” подполковник Ниязбеков Эргеш ва сардори ШВКД ноҳияи Боткон ҳозир шуда бо мардуми ҷамъшудаи қирғиз корҳои фаҳмондадиҳи гузаронда, вазъро таҳти назорат мегиранд.

Мавриди зикр аст, ки вакили маҳаллаи деҳаи Кок-Тоши ҶҚ Розия Усарова иғвогари асосии деҳаи мазкур мебошад. Розия Усарова бо истифода аз мавқеъи дар ҷомеъа ишғол намудааш пайваста дар минтақаҳои наздисарҳади миёни шаҳрвандони ҳарду ҷониб муноқишаҳо ба амал меорад. Мақсади асосии амалҳои иғвоангезонаи Розия Усарова ин куч бастани шаҳрвандони ҶТ сокинони маҳаллаи Сомониён ва ё аз ҷониби онҳо қабул намудани шаҳрвандии ҶҚ мебошад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.