Дар сохтори ММД-и Тоҷикистон ҳоло ҳам бахши кишоварзӣ бартарӣ дорад

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2016 беш аз 54,4 млрд. сомонӣ (ҳудуди 7 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нархҳои қиёсии нишондиҳандаҳои соли 2015 – 6,9% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД то ҳол бахши кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал бартарӣ дорад, ҳарчанд […]

Asia-Plus

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2016 беш аз 54,4 млрд. сомонӣ (ҳудуди 7 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нархҳои қиёсии нишондиҳандаҳои соли 2015 – 6,9% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД то ҳол бахши кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал бартарӣ дорад, ҳарчанд дар муқоиса бо соли пешин коҳиши начандон назарраси ин бахшҳо (1,2%) ба қайд гирифта шудааст.

Ҳудуди 15,1%-и сохтори ММД бо шумули энергетика ба соҳаи саноат рост омада, нисбат ба соли 2015 афзоиши ҳаҷми саноат ва энергетика 2,3%-ро ташкил медиҳад.

Қаблан зикр гардида буд, ки ҳукумат Тоҷикистони аграриро ба давлати индустриалии рушдёфта табдил доданист. Бо ин мақсад тақвияти иқтидорҳои саноатӣ ва энергетикӣ ва ба ин васила кам кардани вобастагии иқтисоди кишвар ба бахши кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тақрибан 14% аз ҳаҷми умумии ММД дар соли 2016 ба савдо, таъмири автомобилҳо, молу таҷҳизоти маишӣ ва асбобу лавозимоти истифодаи шахсӣ, меҳмонхона ва тарабхонаҳо рост меояд. Дар сохтори ММД ҳиссаи нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбор – 11,5%, андозҳо – 11,3% ва сохтмон – 11,2%-ро ташкил медиҳад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳаҷми афзоиши ММД аз рӯи натиҷаҳои соли равонро дар сатҳи 7% пешбинӣ мекунад. Соли 2015 афзоиши ҳаҷми ММД то 6% поин рафта, каме бештар аз 48,4 млрд. сомониро ташкил дод.

Соли 2017 афзоиши ҳаҷми ММД дар ҳаҷми 58,9 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 9,4% зиёдтар аст.

Соли 2018 афзоиши ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ дар ҳаҷми то ба 65,7 млрд. сомонӣ ва соли 2019 – то ба 73,5 млрд. сомонӣ дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.