Тадбирҳои тақвияти ҳолати омодабоши ҷангии артиши Тоҷикистон

Зимни мулоқоти сардорони Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон генерали артиш Валерий Герасимов ва генерал-майор Эмомалӣ Собирзода дар Маскав масоили рӯи кор гирифтани тадбирҳои иловагии муштарак ҷиҳати тақвияи ҳолати омодабоши ҷангии артиши Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Валерий Герасимов дар ҷараёни мулоқот изҳор дошт, ки айни замон Русия ба Тоҷикистон техникаву муҳимоти ҳарбӣ ва […]

Asia-Plus

Зимни мулоқоти сардорони Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон генерали артиш Валерий Герасимов ва генерал-майор Эмомалӣ Собирзода дар Маскав масоили рӯи кор гирифтани тадбирҳои иловагии муштарак ҷиҳати тақвияи ҳолати омодабоши ҷангии артиши Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Валерий Герасимов дар ҷараёни мулоқот изҳор дошт, ки айни замон Русия ба Тоҷикистон техникаву муҳимоти ҳарбӣ ва аслиҳа интиқол дода, дар макотиби олии Вазорати мудофиаи ин кишвар барои артиши Тоҷикистон бепул кадрҳои соҳибтахассус ва ҳамчунин дар пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон ҳамасола то 1 ҳазор мутахассисони зинаҳои хурд омода мешаванд.

«Дар масъалаи таҳкими амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ мо вазифаҳои умумӣ дошта, бо роҳандозии ҳамкорӣ байни вазоратҳо ба густариши робита бо Тоҷикистон дар соҳаҳои низомӣ ва низомӣ-техникӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоем ва инро омили муҳими нигаҳдории суботи минтақавӣ мешуморем», – таъкид доштааст В.Герасимов.

Дар навбати худ генерал-майор Эмомалӣ Собирзода барои таваҷҷуҳ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамдастӣ дар таҳкими артиши Тоҷикистон ба ҳамсуҳбати худ минннатдорӣ изҳор намудааст.

«Агар доир ба натиҷаҳои корамон дар соли 2016 сухан гӯем, қайд карданиам, ки дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҷудогонаи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мо ба таври назаррас муваффақ шудем, самтҳои нави ҳамкориро роҳандозӣ намуда, вазифаҳои афзалиятнокро муайян кардем, ки имсол онҳоро бояд ба иҷро расонем», – гуфтааст Эмомалӣ Собирзода.

Ёдрас мекунем, ки 30 ноябри соли 2016 зимни вохӯрӣ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу изҳор дошта буд, ки соли 2017 Русия ба фиристодани миқдори зиёди техникаи авиатсионӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳову чархболҳо ба Тоҷикистон шурӯъ мекунад.

«Соли оянда марҳилаи калидии ҳамкории низомӣ-техникии мо, таҳвили аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ фаро мерасад. Аз ҷумла, ин миқдори зиёди техникаи авиатсионӣ, ҳавопаймоҳо ва чархболҳо мебошад. Фикр мекунам, ки ин корҳо саривақт ва тибқи нақша ба иҷро мерасанд. Албатта, ин иқдом ба таъмину амнияту субот  дар ин минтақа мусоидат мекунад», – гуфта буд вазири мудофиаи Русия.

Дар инфографикаи «Азия-Плюс»- иқтидори ҳарбии Тоҷикистон

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.