Чӣ тавр хароҷоти бениҳоят зиёдро бас карда, сарфаи пулро оғоз намоем?

Маводи шарикӣ

Дар мавзӯи гузашта мо дар бораи Скимминг гуфтем. Имрӯз дар доираи мавзӯъҳои маълумотнокии молиявӣ мо доир ба оғози сарфаи пул сухан ронда, бо якчанд маслиҳатҳо дидан мекунем.

“Пул ба монанди об аст”, “Пул куҷо меравад”, “чизе нахаридам, вале  пул аллакай нест” – хеле зуд –зуд мо чунин ибораҳоро аз дигарон мешунавем. Дар ҳоле, ки хароҷот беохир буда, амалан пасандоз нест, чи бояд кард? Бисёр одамон бар он ақидаанд, ки танҳо дар сурате, ки даромад зиёд аст ва музди маош беш аз кофӣ буда, манбаи даромади иловагӣ вуҷуд дорад, пасандоз кардан мумкин аст. Албатта ин афсона аст. Пулро новобаста аз миқдори музди маош захира карда мешавад. Дар бораи захира маслиҳатҳо зиёданд, вале мо  баъзе қоидаҳое, ки ба шумо барои берун аз  доираи қатъии сарфакунӣ пасандоз намудан кӯмак мекунад, сухан мегӯем.

10%-и маошатонро пасандоз намоед  

Инак, пеш аз ҳама маслиҳат он аст, ки  тамоми музди маоши худро то дирами охирин харҷ накунед. Дар акси ҳол, ба шумо зарур меояд, ки аз дӯстонатон пул қарз гиред, сипас онро баргардонед ва ин давра метавонад  муддати дароз тӯл кашад. Ҳар моҳ 10% -и музди меҳнататонро захира намоед. Пулро беш аз даромадатон харҷ накунед. Суханони классикро дар хотир доред “Даромади солона баробар ба 20 фунт ва хароҷот 19 фунту 96 пенс –  хушбахтӣ аст. Даромади солона 20 фунт ва харҷ 20 фунту 6 пенс – камбизоатӣ аст”(Чарлз Диккенс).

Хароҷотатонро баҳисоб гиред

Барои қайд намудани даромаду хароҷоти худ одат намоед. Дар назари аввал, шояд тобад, ки  ин  лозим нест ва душвор аст, аммо ин одати хеле самаранок аст. Маслиҳат дода мешавад, ки рӯйхати доимии хароҷотҳои асосиро дошта бошед- пардохтҳо барои хизматрасониҳои коммуналӣ, роҳкиро, телефон ва маҳсулот. Одатан маблағи чунин хароҷотҳо муқарраргардида мебошанд. Беҳтараш ин маблағро як тараф гузошта, бингаред, ки чӣ миқдор барои хароҷоти ғайричашмдошт боқӣ мемонад. Хароҷотҳои ғайричашмдошт гуногунанд мисол  шуморо ба зодрӯз даъват мекунанд ва бе тӯҳфа рафтан намешавад. Маҳз барои ҳамин қайд намудан хеле муҳим аст.

Аз бисёр харид кардан даст кашед

 Содда ва бе тааҷҷуб – чизҳои нолозимро нахаред. Яъне, либосҳое, ки ба шумо  ягон зарурати амалӣ ва арзишӣ надоранд. Шими иловагие, ки  дар телевизион реклама карда шуд, лавозимотҳои нолозим барои хона, бе он ҳам як қуттӣ доред – агар шумо ҳамаи ин харҷ дар тӯли моҳ ҳисоб кунед, маблағи зиёд мешавад. Баъзан чизеро дар маӯоза дида онро хариданӣ ҳастед.  Равоншиносон мегӯянд, ки агар ба шумо чизе маҳқул шуд –мунтазир шуда муҳимияти чизро андеша намоед  ва баъд аз якчанд рўз шумо дарк мекунед, ки ба он чиз зарурат надоред ва ҳатто дар бораи мавҷудияти он фаромӯш мекунед.

Мотиватсия

На ҳар шахси дуюм мефаҳмад, барои чи пулро сарфа намудан лозим аст. Дар асл равоншиносон маслиҳат медиҳанд, ки одамон масъалаи захира карданро асоснок кунанд. Масалан, Шумо орзу доред, ки тобистон сафар намоед. Барои ин ба шумо миқдори муайяни пул лозим аст. Тамоми хароҷотро барои рухсатии банақша гирифта ҳисоб кунед, даромади худро ончунон баҳисоб гиред, ки ба рухсати рафтан имконпазир шавад. Шумо метавонед дар бонк корти амонатӣ кушоед, то ҳар моҳ  фоизи муайяни маоши худро ба он гузоред,

Дар асл санъати пулҷамъкунӣ ногаҳон намеояд. Банақшагирии дурусти маблағҳо хеле муҳим аст. Бо мурури замон шумо мефаҳмед, ки то чӣ андоза сарфаи маблағ барои таъмини ояндаи бехатари худ ва фарзандонатон муҳим аст.

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.