Рекордҳои нави истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон

Соли 2016 корхонаҳои истеҳсоли тиллои Тоҷикистон беш аз панҷ тонна тилло истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо соли 2015 ба миқдори 500 кило бештар аст. Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд, ки аз ин миқдор қисмати зиёдаш – 3,3 тонна дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин «Зарафшон», 590 кило – дар […]

Заррина Эргашева, махсус барои Asia-Plus

Соли 2016 корхонаҳои истеҳсоли тиллои Тоҷикистон беш аз панҷ тонна тилло истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо соли 2015 ба миқдори 500 кило бештар аст.

Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд, ки аз ин миқдор қисмати зиёдаш – 3,3 тонна дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин «Зарафшон», 590 кило – дар корхонаи «Апрелевка»,  570 кило – дар корхонаи «Тиллои тоҷик» ва ҳаҷми боқимонда дар дигар корхонаҳо истеҳсол шудааст.

«Афзоиши ҳаҷми истеҳсол дар КМ «Зарафшон» ба туфайли сохтмони корхонаи маъдантозакунӣ бо иқтидори коркарди 2 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз ва коргоҳи поккорӣ ба даст оварда шуд, – гуфтанд дар Вазорат. – Шурӯъ аз соли 2007 сармоягузори корхонаи «Зарафшон – ширкати чинии Zijing mining барои рушди корхона дар маҷмӯъ 306 млн. доллар сармоягузорӣ кард».

Солҳои охир тиллои истеҳсолшуда дар Тоҷикистон дар дохили кишвар фурӯхта шуда, онро асосан Вазорати молия ва Бонки миллии ҷумҳурӣ харидорӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли тилло машғуланд, ки бузургтарини онҳо – КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.