Афзоиши шумори никоҳҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон

Маҳбусон барои дидор бо ҳамсарони худ расман издивоҷ мекунанд, чунки бидуни шаҳодатномаи ақди никоҳ додани иҷозатномаи дидор манъ аст. Сардори Раёсати САҲШ-и Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Саодат Сироҷзода ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2016 дар зиндонҳои кишвар 143 ақди никоҳ (соли 2015 – 125) ба қайд гирифта шудааст. «Тибқи қонунгузорӣ, агар марду […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Маҳбусон барои дидор бо ҳамсарони худ расман издивоҷ мекунанд, чунки бидуни шаҳодатномаи ақди никоҳ додани иҷозатномаи дидор манъ аст.

Сардори Раёсати САҲШ-и Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Саодат Сироҷзода ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2016 дар зиндонҳои кишвар 143 ақди никоҳ (соли 2015 – 125) ба қайд гирифта шудааст.

«Тибқи қонунгузорӣ, агар марду зан бидуни қайди расмӣ тибқи шариати исломӣ бо баргузории маросими мусулмонии никоҳ издивоҷ карда бошанд, ба онҳо барои дидор иҷозат дода намешавад, аз ин рӯ маҳбусон аллакай дар муассисаҳои ислоҳӣ бо ҳамсарони худ расман ақди никоҳ мебанданд», – иброз дошт ӯ. – Лекин миёни маҳбусони расман издивоҷкарда шахсоне низ ҳастанд, ки ҳамсарони нахустини худро дар зиндон интихоб кардаанд».

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Раёсати САҲШ Вазорати адлияи ҶТ, соли гузашта дар Тоҷикистон 72 ҳазору 463 оилаҳои нав ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2015 ба миқдори 4 ҳазору 557 адад камтар аст.

Саодат Сироҷзода зикр кард, ки соли 2016 шумори ақди никоҳҳо миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ афзуда, мақомоти САҲШ 184 чунин издивоҷҳоро сабт кардаанд, ки нисбат ба соли пешин 20% зиёдтар аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон бештар бо шаҳрвандони Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон, Қирғизистон ва Чин оила барпо кардаанд.

Зимнан зикр гардид, ки соли 2016 шумори азҳампошии оилаҳо дар Тоҷикистон низ афзуда, ин нишондиҳанда 8 ҳазору 891 оиларо дар бар мегирад, ки дар муқоиса бо соли 2015 – 535 ҳолат бештар мебошад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.