Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов ба Тоҷикистон меояд. Ӯ дар кори ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Русия иштирок мекунад; -КВД «Тоҷикаэронавигатсия» доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарӣ барпо мекунад. Оғоз соати 09-00; – Нишасти хабарии Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон доир мегардад. Оғоз соати 11-00; – […]

Asia-Plus

АНОНС

– Муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов ба Тоҷикистон меояд. Ӯ дар кори ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Русия иштирок мекунад;

-КВД «Тоҷикаэронавигатсия» доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарӣ барпо мекунад. Оғоз соати 09-00;

– Нишасти хабарии Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон доир мегардад. Оғоз соати 11-00;

– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (бинои МТС, ошёнаи 2-юм) оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2016 нишасти хабарии Агентии омори назди президенти Тоҷикистон баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8893 сомонӣ;

1 евро – 8.4960 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1305 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1500 — Аврупоиҳои аввалин ба Бразилия омада, резишгоҳи Амазонкаро кашф намуданд.

1924 — Шаҳри Петроград ба Ленинград номгузорӣ шуд.

1956 — Анҷумани X-уми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.

1963 — Фурудгоҳи нави Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.

2004 — Бо фармони президент фармондеҳи Гвардияи президентӣ генерал Ғаффор Мирзоев аз вазифа озод карда шуд. Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллӣ табдили ном кард.

2011 — Дар Тоҷикистон нисбат ба масъалаи никоҳ бо хориҷиён маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд.

1935 — Зодрӯзи шоир Наримон Бақозода.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -11-16, рӯзона -1-6.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +1+6.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -11-16, рӯзона -3-8.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -4+1. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман. 

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +9+11.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +2+4.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.