Кӯчаҳои марказии шаҳрҳои бузурги Ӯзбекистон Ислом Каримов номгузорӣ мешаванд

Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 25 январ «Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов» қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон, мутобиқи ин қарор кӯчаҳои марказӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шаҳри Тошканд ва маркази вилоятҳо ба номи Ислом Каримов гузошта мешаванд.

Фурудгоҳи байнулмилалии Тошканд, Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд, Корхонаи автомобилбарорӣ дар шаҳри Асака ва Кохи фарҳанг дар шаҳри Фарғона низ номи Ислом Каримовро мегиранд.

Ғайр аз ин дастур дода шудааст, ки дар қароргоҳи ҳукуматии Оқсарой Маҷмааи илмиву маърифатии ба номи Ислом Каримов таъсис дода шуда, Фонди ҷумҳуриявии ҷамъиятии харйияи ба номи Ислом Каримов дар он ҷойгир карда шавад.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ба таҷлили ҷашни пуршукӯҳи ҳамасолаи зодрӯзи президенти Ӯзбекистон – 30 январ ва санаи 2 сентябрро муқаррар кардани Рӯзи ёдбуди нахустин президенти Ӯзбекистон дастур дода шудаааст.

Зикр мегардад, ки барои донишҷӯёни макотиби олӣ стипендияи ба номи Ислом Каримов таъсис ёфта, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Ислом Каримов асарҳои илмиву бадеӣ, филмҳои мустанаду ҳунарӣ офарида мешаванд ва ҳамчунин маркаҳои почтавӣ бо расми нахустин президенти Ӯзбекистон нашр хоҳанд шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.