Дар рейтинги фасодпазирӣ Тоҷикистон 15 мавқеъ поин рафт

Дар рейтинги тозанашри созмони Transparency International дар қиёс бо соли гузашта мавқеи Тоҷикистон 15 зина поин рафта, миёни 176 кишвар зинаи 151-ум (соли гузашта – 136-ум)-ро ишғол кардааст. Созмони байнулмилалии муқовимат бо коррупсия Transparency International рӯзи 25 январ гузориши нави худро нашр кард, ки дар он кишварҳо аз рӯи ҷадвали аз 0 то 100 балл […]

Asia-Plus

Дар рейтинги тозанашри созмони Transparency International дар қиёс бо соли гузашта мавқеи Тоҷикистон 15 зина поин рафта, миёни 176 кишвар зинаи 151-ум (соли гузашта – 136-ум)-ро ишғол кардааст.

Созмони байнулмилалии муқовимат бо коррупсия Transparency International рӯзи 25 январ гузориши нави худро нашр кард, ки дар он кишварҳо аз рӯи ҷадвали аз 0 то 100 балл баҳогузорӣ мешаванд ва «сифр» (0) сатҳи баландтарини коррупсия ва мутаносибан «сад» (100) мизони пасттаринро нишон медиҳад. Тоҷикистон 25 балл касб кардаааст.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон миёни кишварҳое чун Уганда ва Камерун ҷойгир шудааст. Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ зинаҳои каме поинтар аз Тоҷикистонро Туркманистон (154-ум) ва Ӯзбекистон (156-ум) касб кардаанд.  Қазоқистон дар зинаи 131-ум ва Қирғизистон дар мақоми 136-ум қарор доранд.

Дар раддабандии тозанашри созмон Дания пешсаф буда, зинаҳои дуюму сеюмро Зеландияи Нав ва Финландия ишғол кардаанд. Чандин сол пайдарпай дар мақомҳои охирини рейтинг Кореяи Шимолӣ, Сомали ва Судон ҷойгиранд.

Бино ба маълумоти сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Transparency International 16 ноябри соли гузашта бо нашри гузориши "Мардум ва коррупсия"-и худ гуфта буд, ки 50% пурсидашудаҳо дар Тоҷикистон тасдиқ кардаанд, ки тайи 12 моҳи ахир барои иҷрои корҳояшон ришва додаанд.

Хабаргузории «Озодагон» дар ин робита менависад, Рустами Эмомалӣ, собиқ роҳбари Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ маоши бештари кормандон, ҷазои сангинтари фасодкорон ва таъини шахсони поквиҷдонро ба мансабҳои давлатӣ яке аз роҳҳои паст кардани сатҳи коррупсия хонда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.