БОР аз ҳукумати Тоҷикистон бозбинии нархи барқро тақозо кард

Бонки осиёгии рушд (БОР) аз Ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки арзиши нерӯи барқро бозбинӣ карда, барои бархе аз гурӯҳҳо қимати онро боло бубарад. Ин яке аз 13 шарти Бонки Осиёи Рушд дар назди Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дар сурати иҷро шудан, ин бонк 50 миллион доллар маблағро ҳамчун кӯмак ба будҷаи кишвар пешниҳод мекунад. Бино […]

Радиои Озодӣ

Бонки осиёгии рушд (БОР) аз Ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки арзиши нерӯи барқро бозбинӣ карда, барои бархе аз гурӯҳҳо қимати онро боло бубарад. Ин яке аз 13 шарти Бонки Осиёи Рушд дар назди Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дар сурати иҷро шудан, ин бонк 50 миллион доллар маблағро ҳамчун кӯмак ба будҷаи кишвар пешниҳод мекунад.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Си Си Ю, роҳбари дафтари намояндагии Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон дар ин робита гуфтааст, ироаи барномаи кӯмак ба будҷа дар соли 2016 панҷоҳ миллион долларро ташкил мекунад, аммо ба хотири пурра иҷро нашудани ҳамаи шартҳои тақдими пул, ҳанӯз ба Тоҷикистон ин маблағ дода нашудааст: "Дар сурати пурра иҷро шудани ин шартҳо, мо умедворем, ки дар семоҳаи аввали имсол ин маблағро ба Тоҷикистон бидиҳем.”

Вай изҳор кардааст, ки яке аз шартҳои ин кӯмак бозбинӣ шудани нархи нерӯи барқ аст, ки ҳоло барои бархе аз муштариён назар ба нархи истеҳсолаш арзонтар фурӯхта мешавад. “Нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ ва пойгоҳҳои обкашонӣ аз арзиши истеҳсоли нерӯи барқ арзонтар аст. Аммо қимати барқ барои бахши хусусӣ ва корхонаҳо хеле гарон аст ва аз ин ҳисоб хароҷоти истеҳсоли нерӯи барқ ҷуброн карда мешавад. Аммо ин барои рушди бахши хусусӣ мусоидат намекунад”, – гуфтааст Си Си Ю.

Пешниҳоди БОР аз он иборат аст, ки нархи нерӯи барқ барои корхонаҳои хусусӣ ва соҳибкорон поин бурда шуда, барои пойгоҳҳои обкашонӣ ва аҳолӣ гаронтар шавад. Аммо Си Си Ю гуфтааст, ба ин таҷриба – “кӯмаки як соҳа ба соҳаи дигар (кроссубсидировние) хотима бояд гузошт”.

Ба гуфтаи ӯ, Ҳукумати Тоҷикистон ба ин пешниҳод розӣ шудааст ва ҳоло дар садади бозбинӣ кардани нархи нерӯи барқ аст. Агар ин пешниҳоди БОР амалӣ шавад, дар панҷ моҳи охир ин барои бори дуввум мешавад, ки нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боло меравад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.