Садамаи нақлиёт дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷони 2 танро рабуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар қаламрави деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ субҳи барвақти имрӯз бар асари яхбандии роҳ автомашинаи тамғаи «Mercedes-Benz» бо автомашинаи тамғаи «Opel Astra Caravan» бархӯрд.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бар асари ин ҳодиса чор нафар шахсон бо ҷароҳатҳои вазнин дар дохили автомашинаҳои пачақшуда дармонда, ғайр аз ин, хатари оташгирии сӯзишворӣ дар бакҳои автомашинаҳо вуҷуд дошт.

Ба гуфтаи ӯ, бо огаҳӣ ёфтан аз ин садамаи нақлиёт наҷотдиҳандагони Дастаи зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.

«Дар ҷойи ҳодиса онҳо дар навбати аввал кори акккумуляторҳои автомашинаҳоро қатъ намуданд, то ки аз оташгирии имкопазири сӯзишворӣ пешгирӣ шавад, – гуфт ӯ. – Автомашинаҳо хеле зиёд осеб дида, дар дохили онҳо чор нафар – 1 нафар дар «Мерседес» ва 3 нафар дар «Опел» қарор доштанд».

Зимнан зикр гардид, ки бо кумаки асбоби гидравликӣ наҷотдиҳандагон шахсони дар автомашинаҳо даромондаро берун гирифта, ба ихтиёри табибони автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ» супурдаанд.

«Мутаассифона, ду тан аз ҷароҳатбардоштагон дар роҳ ба бемористон ҳалок шуданд», – афзуд сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.