Садамаи нақлиёт дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷони 2 танро рабуд

Дар қаламрави деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ субҳи барвақти имрӯз бар асари яхбандии роҳ автомашинаи тамғаи «Mercedes-Benz» бо автомашинаи тамғаи «Opel Astra Caravan» бархӯрд. Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бар асари ин ҳодиса чор нафар шахсон бо ҷароҳатҳои вазнин дар дохили автомашинаҳои пачақшуда дармонда, ғайр […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар қаламрави деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ субҳи барвақти имрӯз бар асари яхбандии роҳ автомашинаи тамғаи «Mercedes-Benz» бо автомашинаи тамғаи «Opel Astra Caravan» бархӯрд.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бар асари ин ҳодиса чор нафар шахсон бо ҷароҳатҳои вазнин дар дохили автомашинаҳои пачақшуда дармонда, ғайр аз ин, хатари оташгирии сӯзишворӣ дар бакҳои автомашинаҳо вуҷуд дошт.

Ба гуфтаи ӯ, бо огаҳӣ ёфтан аз ин садамаи нақлиёт наҷотдиҳандагони Дастаи зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.

«Дар ҷойи ҳодиса онҳо дар навбати аввал кори акккумуляторҳои автомашинаҳоро қатъ намуданд, то ки аз оташгирии имкопазири сӯзишворӣ пешгирӣ шавад, – гуфт ӯ. – Автомашинаҳо хеле зиёд осеб дида, дар дохили онҳо чор нафар – 1 нафар дар «Мерседес» ва 3 нафар дар «Опел» қарор доштанд».

Зимнан зикр гардид, ки бо кумаки асбоби гидравликӣ наҷотдиҳандагон шахсони дар автомашинаҳо даромондаро берун гирифта, ба ихтиёри табибони автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ» супурдаанд.

«Мутаассифона, ду тан аз ҷароҳатбардоштагон дар роҳ ба бемористон ҳалок шуданд», – афзуд сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.