Ҳушдори КҲФ аз эҳтимолияти лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ

Asia-Plus

Бар асари роҳандозии корҳои наҷот дар шаби 28 ба 29-уми январ наздик ба 500 нафар одамон ва 30 мошини боркашу 60 мошини сабукрав дар шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд аз муҳосираи тарма ба макони амн интиқол дода шуд. Як нафар бенишон ғайб задааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 28-уми январи соли 2017 бар асари 40 мавриди лағзиши тарма дар километрҳои аз 51 то 71-уми шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд ҳаракати мошинҳо масдуд шуд ва бештар аз 100 мошин дар муҳосираи тармаву ғарами барф монданд.

Барои ташкили кор ҷиҳати интиқоли одамон ва овардани онҳо то макони бехатар гуруҳи корӣ таҳти сарварии ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, полковник Муҳаммадҷон Салимзода созмон дода шуд. 

Ҳамчунин барои тоза кардани роҳи мошингард ва бартарафсозии оқибатҳои офат хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) 6 адад техникаро аз ду тараф сафарбар намуд.

Дар ҷойи тарма барои таъмини бехатарии одамон постгоҳҳои иловагӣ аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи ширкати IRS гузошта шуданд.

Ҳукумати иҷроияи ноҳияи Варзоб ҷабрдидагонро бо маводи ғизоӣ ва доруворӣ таъмин намуд. Корҳои ҷустуҷӯиву наҷот ҳамоно идома доранд.

Ҳамчунин шаби 28-уми январ дар 91-умин километри роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол, дар мавзеъи Кабудҷари ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод тарма фаромад. Барои тоза кардани роҳ ва таъмини ҳаракати бехатари мошинҳо ду адад техника сафарбар шудааст. Ин тармафароӣ қурбонӣ надошт.

Ҳолати вазнин ҳамоно дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб ҳукмфармост. Бар асари резиши барф ва лағзиши тарма дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнони ВМКБ роҳҳо баста шудаанд. Ситоди бартарафсозии оқибатҳои офат, ки ахиран созмон дода шуд, шабонабарӯз фаъолият мекунад.

Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар дода буд, ки аз сабаби гармиҳои чанд рӯзи охир ва боришоти нав эҳтимолияти лағзиши тарма дар навоҳии ВМКБ, қаторкуҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим  вуҷуд дорад. Аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунем аз сафарҳои бидуни зарурат ба навоҳии куҳӣ ва тармахез муваққатан худдорӣ намоянд ва ҷонӣ худ ва ҷони сокинони дигари кишварро ба хатар наяндозанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...