Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2016 нишасти хабарии Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00; – Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарӣ барпо мешавад. Оғоз соати 11-00 дар бинои Вазорат ; – Дар Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2016 нишасти хабарии Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00;

– Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарӣ барпо мешавад. Оғоз соати 11-00 дар бинои Вазорат ;

– Дар Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти матбуотӣ доир мегардад. Оғоз соати 15-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.9004 сомонӣ;

1 евро – 8.4495 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1297 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1917 — Дар ИМА бори нахуст дар ҷаҳон пластинкаи ҷазӣ сабт шуд.

1930 — Дар Маскав садои зангӯла манъ карда шуд.

1961 — Корхонаи истеҳсоли равғани Қӯрғонтеппа мавриди истифода қарор гирифт.

1995 — Дар фестивали мазҳабии ҳиндугӣ дар Оллоҳобод (Ҳиндустон) оид ба дар як вақт гирдиҳам омадани мардум дар як макон рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд – 20 млн. нафар.

2002 — Дар Тоҷикистон нахустин пойгоҳи телефонии рақамӣ ба истифода дода шуд.

2012 — Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи таъсиси Лигаи миллии футбол қарор қабул шуд.

1902 — Зодрӯзи геологи кӯҳансоли Тоҷикистон, академики АИ ҶШС Тоҷикистон Недавеский Антон Петрович.

1913 — Мавлуди ҳунарманди театру кино, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Софя Тӯйбоева.

1924 — Зодрӯзи сарояндаи опера, Ҳунарманди халқии ИҶШС Ҳанифа Мавлонова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф), туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -3+2.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф), туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +3+8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -4-9, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона -5-10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф), туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -2-7. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф), туман.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +3+5.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +7+9.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -1+1.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.