Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Покистон мулоқот мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, дар рафти сӯҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвари дӯст мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, дар рафти сӯҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвари дӯст мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади идомаи муколамаи сатҳи олӣ дар ояндаи наздик мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳанд.

Гуфта мешавад, дар хотимаи сӯҳбат Президенти Тоҷикистон ба нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф сиҳатмандиву комгорӣ дар иҷрои рисолати ӯ баҳри рушду шукуфоии кишвари дӯст орзу намуд.

Қобили зикр аст, ки Навоз Шариф бори охир моҳи майи соли 2016 ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар баробари нахуствазирони Афғонистону Қирғизистон дар маросими оғози амалисозии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 иштирок кард.

Ғайр аз ин, моҳи майи соли гузашта миёни пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Лоҳури Покистон хатсайри ҳавоӣ боз шуд.

Қаблан Навоз Шариф дар мавриди ба президенти Тоҷикистон додани мақоми Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошта буд, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҳақиқат кори таърихиеро анҷом дод ва ба Эмомалӣ Раҳмон унвони олии Пешвои миллатро сазовор донист.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.