Омбудсмен: дар моддаи Шуҳрат Қудратов авф пешбинӣ нашудааст

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода изҳор намуд, ки нисбати адвокат Шуҳрат Қудратов қонуни авф ба муносибати 25-солагии истиқлолият мавриди амал қарор намегирад. Зариф Ализода зикр кард, ки адвокат Шуҳрат Қудратов дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикитон – 320, қ. 2 (Додани пора) ва 247 (Қаллобӣ) маҳкум шудааст. […]

Asia-Plus

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода изҳор намуд, ки нисбати адвокат Шуҳрат Қудратов қонуни авф ба муносибати 25-солагии истиқлолият мавриди амал қарор намегирад.

Зариф Ализода зикр кард, ки адвокат Шуҳрат Қудратов дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикитон – 320, қ. 2 (Додани пора) ва 247 (Қаллобӣ) маҳкум шудааст.

«Аммо мувофиқи қонуни ахир дар бораи авф, маҳкумшудагон мутобиқи моддаи пора додан мавриди авф қарор нагирифтанд», – таъкид дошт Омбудсмен.

Дар ҳамин ҳол, пайвандону наздикони адвокат Шуҳрат Қудратов қаблан изҳор дошта буданд, ки ӯ бояд мавриди авф қарор гирифта, то охири соли 2016 озод шавад.

Дар ҳамин ҳол, зимни нишасти хабарии рӯзи 25 январ Вазорати адлияи Тоҷикистон ба савол дар бораи сабаби озод нашудани адвокат Шуҳрат Қудратов аз зиндон посух дода натавонист.

Вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод дар мавриди ин масъала зикр кард, ки оид ба татбиқи қонуни авф нисбати шахсони зери тафтишот ё мурофиаи судӣ қарордошта маълумот надошта, дар ин хусус Суди олӣ ва Прокуратураи генералӣ маълумот дода метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13-уми январи соли 2015 суди шаҳри Душанбе Шуҳрат Қудратовро ба 9 соли зиндони низомаш шадид  маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ низ манъ карда шуд.

Аввали моҳи марти соли 2015 Суди олии Тоҷикистон аз муҳлати ҷазои адвокат Шуҳрат Қудратов 5 солу 4 моҳ кам кард. Ӯ ҳамчунин ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 87,6 ҳазор сомонӣ низ уҳдадор шуд.

Шуҳрат Қудратов яке аз адвокатҳои соҳибкори маъруф Зайд Саидов мебошад, ки ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.