Шариф Назарзода аз ифшои шумори ифротгароён дар Суғд худдорӣ варзид

Соли гузашта дар вилояти Суғд ягон амали терористӣ содир нашуда, бо талошҳои муштараки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратӣ аз ҳамаи ҷиноятҳои марбут ба терроризм пешгирӣ шуд. «Соли 2016 тамоили коҳиши гаравидани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо ба мушоҳида расида, шумори нафароне, ки ба Сурияву дигар манотиқи даргириҳои мусаллаҳона азми сафар мекунанд, низ ба […]

Баҳром Файзуллоев, Asia-Plus

Соли гузашта дар вилояти Суғд ягон амали терористӣ содир нашуда, бо талошҳои муштараки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратӣ аз ҳамаи ҷиноятҳои марбут ба терроризм пешгирӣ шуд.

«Соли 2016 тамоили коҳиши гаравидани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо ба мушоҳида расида, шумори нафароне, ки ба Сурияву дигар манотиқи даргириҳои мусаллаҳона азми сафар мекунанд, низ ба таври назаррас кам шуд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд генерал-майор Шариф Назарзода. – Содир шудани ҷиноятҳои марбут ба ифротгароӣ низ қариб 15-20% камтар шуд».

Дар посух ба саволи рӯзноманигорон доир ба шумори касоне, ки барои узвият дар гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаву ё мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд, Назарзода қайд кард, ки «бо сабабҳои объективӣ тасмим гирифта шудааст, ки ин рақамҳо мушаххасан ифшо нашаванд, зеро аз ин натиҷаи хуб ҳосил намешавад».

«Ман аллакай изҳор дошта будам, ки ҳамеша пешниҳоду сари забонҳо қарор доштани чунин далелу рақамҳо ба афкори ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад ва гуфта будам, ки минбаъд аз ифшои чунин маълумот худдорӣ меукунам», – гуфт Назарзода.

Дар идома Назарзода зикр кард, ки дар вохӯриҳо бо аҳоливу ҷавонон ва дар конфронсу дигар чорабиниҳо дар мавзӯъҳои пешгирии терроризму ифротгароӣ ӯ ҳамеша дар ин бора бо далелу рақамҳо маълумот медод.

«Ба ман волидону коршиносон муроҷиат намуда, дар ин суҳбатҳо тавсия дода шуд, ки аз ифшои чунин маълумот худдорӣ кунам, зеро он ба ҳолати рӯҳиву равонии ҷавонон таъсири манфӣ мегузорад, – гуфт Назарзода. – Мо ин масъаларо таҳлилд карда, ба хулосае расидем, ки дар ҳақиқат ҳам чунин ҳолат ҷой дорад ва вақте ки мо аз ин амал даст кашидем, шумори гаравиши ҷавонон ба ин гурӯҳи ҳаракатҳо воқеъан ҳам кам шуд». Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта чунин далелҳо қариб вуҷуд надошта, баъзан бо чунин амалҳо ба назар мерасад, ки гӯё чунин созмону гурӯҳҳо реклама мешуда бошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.