Навоз Шариф: Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Пешвои миллат сазовор аст

Президент ва нахуствазири Покистон раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро, ки бо сафари расмӣ дар Исломобод қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқоти Ш.Зуҳуров бо президенти Покистон Мамнун Ҳусайн   қайд шуд, ки ҳарчи зудтар амалӣ намудани лоиҳаи хатти интиқоли барқи CASA-1000 ва ба анҷом […]

ASIA-Plus



Президент ва нахуствазири Покистон раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро, ки бо сафари расмӣ дар Исломобод қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқоти Ш.Зуҳуров

бо президенти Покистон Мамнун Ҳусайн

  қайд шуд, ки ҳарчи зудтар амалӣ намудани лоиҳаи хатти интиқоли барқи CASA-1000 ва ба анҷом расонидани сохтмони он дар соли 2018 ба манфиати ҳарду кишвар хоҳад буд.

Таъкид гардид, ки ифтитоҳи расмии сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000 12 майи соли равон дар Тоҷикистон бо иштироки сарони чор кишвари узви ин лоиҳа ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили таъмини амният дар минтақа ва вазъ дар Афғонистон табодули назар намуданд.

Зимни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров

бо нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду савдо, транзит, илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.

Сарвазири Покистон Шукурҷон Зуҳуровро барои қабули қонун дар бораи ба Президенти Тоҷикистон сазовор донистани унвони Пешвои миллат табрик намуда, таъкид дошт, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҳақиқат кори таърихиеро анҷом дод ва ба Эмомалӣ Раҳмон унвони олии Пешвои миллатро сазовор донист.

«Хидматҳое, ки Президенти Шумо барои ободиву осудагии кишвари хеш кардааст, ба кам сарварони давлатҳо ба ин пешравиҳо дар тӯли фаъолияти президентии худ муяссар гардидааст. Фурӯ нишондани оташи ҷанги дохилӣ бо заҳмату талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ин нишонаи қаҳрамонӣ аст. Таърих чунин қаҳрамониро ҳанӯз ёд надорад, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ҷанги дохилӣ фурӯ нишонда шавад. Имрӯз таҷрибаи сулҳофаринии сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчун намунаи олии омӯзиш, намунаи беҳтарин ҳалли низоъҳо ва истифода барои минтақаҳои ноором пешниҳод мешавад», – гуфт нахуствазири Покистон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.