Тарифҳои нави фурӯши барқи Тоҷикистон ба Қирғизистон

Тоҷикистон ба Қирғизистон пешниҳод намуд, ки нерӯи барқашро ба нархи 3,2 сент барои 1 кВт/соат харидорӣ кунад. Дар ин бора ВАО-и Қирғизистон бо истинод ба роҳбари Холдинги миллии энергетикии ин кишвар Ойбек Калиев хабар медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, соли 2015 Қирғизистон нерӯи барқро аз Тоҷикистон бо арзиши 2,5 сент барои 1 кВт/соат харида, болоравии тариф […]

ASIA-Plus



Тоҷикистон ба Қирғизистон пешниҳод намуд, ки нерӯи барқашро ба нархи 3,2 сент барои 1 кВт/соат харидорӣ кунад. Дар ин бора ВАО-и Қирғизистон бо истинод ба роҳбари Холдинги миллии энергетикии ин кишвар Ойбек Калиев хабар медиҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2015 Қирғизистон нерӯи барқро аз Тоҷикистон бо арзиши 2,5 сент барои 1 кВт/соат харида, болоравии тариф дар соли равон ба он марбут аст, ки Тоҷикистон нерӯи барқро ба Афғонистон бо нархи 3,2 сент интиқол медиҳад.

«Айни замон доир ба ин масъала гуфтушунид ҷараён дорад ва дар сурати мувофиқа ҳосил шудан оид ба нархи он, Қирғизистон ба воридоти нерӯи барқ оғоз мекунад», – гуфтааст Калиев зимни суханронӣ дар кумитаи Жогорку Кенеш ва ҳамчунин зикр кардааст, ки нархи нерӯи барқи Қазоқистон низ боло рафтааст.

Мутобиқи маълумоти пешакии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон, зарфияти оби дарёҳои кишвар дар соли 2016 ба ҳисоби миёна 86%-ро ташкил дода, аз ин рӯ, воридоти нерӯи барқ ҳатмӣ аст, ки тибқи ҳисобу китоби пешакӣ ба 650 млн. кВт/соат баробар хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, аз ширкати «Барқи тоҷик» дар ин робита иттилоъ доданд, ки гуфтушунидҳо оид ба содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Қирғизистон алҳол оғоз нагардидаанд ва мутаносибан ба ҷониби Қирғизистон ҳеҷгуна тарифе ҳам пешниҳод нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта гуфтушунидҳо миёни Тоҷикистон Қирғизистон оид ба содироти барқ аз Тоҷикистон қариб се моҳ тӯл кашиданд. Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқи зиёдатии худро барои содирот дар мавсими тобистон бо нархи 3,5 сент барои 1 кВт/соат пешниҳод намуда, аммо намояндагони Қирғизистон ин нархро хеле баланд шуморида, ба нархи ҳамагӣ 2 сент (барои 1 кВт/соат) чун дар соли гузашта исрор варзида буданд.

Ин пешниҳоди Қирғизистонро ҷониби Тоҷикистон напазируфта буд, зеро чунин нарх ҳатто хароҷоти ширкатро рӯйпӯш карда наметавонист, аммо аввали моҳи июни соли 2015 ҷонибҳо ба содироии нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя бо нархи 2,5 сент барои 1 кВт/соат тавофуқ ҳосилк арда буданд.

Давоми моҳҳои июн-сентябри соли 2015 аз Тоҷикистон ба Қирғизистон

дар ҳаҷми 146,6 млн. кВт/соат

нерӯи барқ интиқол дода шуда, ҳамин тариқ Қирғизистон барои воридоти ин миқдор нерӯи барқ ба Тоҷикистон ҳудуди 3,6 млн. доллари ИМА маблағ пардохт кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.