ВКД сабаби оташгирии автомашина дар маркази пойтахтро шарҳ дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби оташгирии автомашина дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт рӯзи чоршанберо шарҳ дода, маълумоти интишоршуда дар сомонаи Радиои Озодӣ доир ба таркидани автомашинаи тамғаи «Опел»-ро нодуруст хонд ва онро рад кард. Дар шарҳи ВКД, ки дар сомонаи расмии ин ниҳод мунташир шуд, дар ин робита қайд мешавад, ки «автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби оташгирии автомашина дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт рӯзи чоршанберо шарҳ дода, маълумоти интишоршуда дар сомонаи

Радиои Озодӣ

доир ба таркидани автомашинаи тамғаи «Опел»-ро нодуруст хонд ва онро рад кард.

Дар шарҳи ВКД, ки дар сомонаи расмии ин ниҳод мунташир шуд, дар ин робита қайд мешавад, ки «автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами давлатиаш 84-10 СА 01 ТҶ, ки ба ронанда Шарифов Баҳодур, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Клара Сеткинаи шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, бо сабабҳои риоя накардани бехатарии техникӣ, аз ҳисоби ноқилҳои барқӣ муҳаррики он оташ гирифта, боиси сар задани сӯхтор гардидааст. Дар натиҷа автомашинаи мазкур зарари ночиз гирифта, ягон нафар осеб ва зарари ҷисмонӣ набардоштааст».

Ҳамчунин Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯзноманигорон эҳтиромона хоҳиш намудааст, ки носанҷида ва сабабу ҳолати ҳодисаро муайян накарда, хабар пахш насозанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар ин робита

иттилоъ дода будем

, ки нимаи дуюми рӯзи 16 март назди таваққуфгоҳи маркази савдои «Баракат Плаза» дар кӯчаи Айнӣ автомашинаи тамғаи «Опел» оташ гирифт. Ронанда автомашинаро дар таваққуфгоҳ гузошта барои харид ба маркази савдои «Пайкар» даромад ва дар ин лаҳза автомашина оташ гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.