Қарзи «Барқи тоҷик» ба 74%-и қарзи берунаи Тоҷикистон баробар аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарзи умумии ШСХК «Барқи тоҷик» ба 13,7 млрд. сомонӣ (беш аз 1,7 млрд. доллар) расида, ҳамин тариқ, ба ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон, ки 2,3 млрд. долларро ташкил медиҳад, наздик мешавад.

«Қарзҳои «Барқи тоҷик» бидуни назардошти қарзҳои аз ҷониби Вазорати молия ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши гидроэнергетика 2,7 млрд. сомониро ташкил медиҳанд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ сардори Сарраёсати молияи ширкат Рустам Маҷидзода. – Ширкат бештар аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» (ҳудуди 655 млн. сомонӣ), нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» (беш аз 458 млн. сомонӣ) ва мақомоти андоз (194 млн. сомонӣ) қарздор аст».

Қобили зикр аст, ки ширкати «Барқи тоҷик» аз нерӯгоҳҳо барқ харида, онро ба истеъмолгарони худ интиқол медиҳад. Ҳар як киловатти барқи дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» истеҳсолшударо ширкат бо арзиши 20,1 дирам ва «Сангтӯда-2»-ро бо нархи 25,6 дирам дастрас менамояд. Дар ҳамин ҳол, тарифи миёнаи барқ дар Тоҷикистон 24,6 дирамро ташкил медиҳад.

«Айни замон қарзи «Барқи тоҷик» дар маҷмӯъ ба 13,7 млрд. доллар расида, маблағи қарзҳои ҷалбшуда барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 11 млрд. сомониро ташкил медиҳанд, ки ин қарзҳо дарозмуҳлат ва ба муддати 25 сол дода шудаанд», – илова кард Маҷидзода.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...