Зуҳуров Вазорати саноатро ба худдорӣ аз шиорпартоиҳо даъват кард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи сиёсати давлатии саноатӣ» фаъолияти Вазорати саноат ва технолгияҳои нави кишварро мавриди интиқод қарор дод.

«Аз шиорпартоӣ худдорӣ кунед, – гуфт Шукурҷон Зуҳуров ба муовини вазири саноат Акрам Рӯзизода, ки зимни суханронӣ аз минбари парлумон аз дастовардҳои саноати Тоҷикистон тайи солҳои ахир ҳарф мегуфт. – Ба ҳама маълум аст, ки саноати кишвар дар ҳоли начандон хуб қарор дорад ва имрӯз Вазорати саноат ба ҷойи пешоҳанг будан дар бунёди иқтидорҳои нав, ба ҳисоби маълумоти оморӣ машғул аст».

Ба гуфтаи Ш.Зуҳуров, бунёди як қатор иқтидорҳои нави истеҳсоли семент ва истихроҷи тилло дар ҷумҳурӣ ба ин масъала ҳеҷ муносибате надорад, зеро онҳо ба туфайли сармоягузориҳои хориҷӣ ва талошҳои соҳибкорони ватанӣ сохта шудаанд.

«Агар мо ҳақиқатан ҳам рушди саноати Тоҷикистонро хоҳем, пас Вазорати саноат бояд ба соҳибкорон таъзим кунад, на баръакс», – таъкид дошт раиси палатаи поёнии парлумон.

Ба суханронии вакили парлумон, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода, ки дар бораи ба сафи 20 кишвари рушдёфтаи ҷаҳон оид ба содироти хушкмева шомил будани Тоҷикистон маълумот дод, низ Шукурҷон Зуҳуров эрод гирифт.

Ӯ қайд кард, ки соли гузашта деҳқонони тоҷик аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна ҳудуди 15 сентнер ҳосили пахта ба даст оварда, ин ҳам дар ҳолест, ки фермерони Чин дар қитъаҳои иҷорагирифтаашон дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз як гектар беш аз 80 сентнер ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд.

«Мутобиқи стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2020, ҳудуди 35% аз ҳаҷми умумии ММД-ро бояд ҳиссаи саноат ташкил диҳад, – изҳор дошт Зуҳуров. – Соли гузашта ин нишондиҳанда 15%-ро ташкил дод ва барои ноил гардидан ба ҳадафҳои воқеъӣ аз ҳисоботдиҳиву шиорпартоӣ даст кашида, пурмаҳсул кор мебояд кард».

Вакилони мардумӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи сиёсати давлатии саноатӣ»-ро дастгирӣ намуданд, ки дар он таъсиси Фонди рушди саноат ва ташкили низоми ягонаи иттилоотии бахши саноати ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.

Муаллифони лоиҳаи қонун як гурӯҳи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони палатаи поёнии парлумон мебошанд, ки миёни онҳо собиқ президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, ки моҳи июни соли гузашта даргузашт, низ зикр шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...