Зуҳуров Вазорати саноатро ба худдорӣ аз шиорпартоиҳо даъват кард

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи сиёсати давлатии саноатӣ» фаъолияти Вазорати саноат ва технолгияҳои нави кишварро мавриди интиқод қарор дод. «Аз шиорпартоӣ худдорӣ кунед, – гуфт Шукурҷон Зуҳуров ба муовини вазири саноат Акрам Рӯзизода, ки зимни суханронӣ аз минбари парлумон аз дастовардҳои саноати Тоҷикистон тайи солҳои ахир […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи сиёсати давлатии саноатӣ» фаъолияти Вазорати саноат ва технолгияҳои нави кишварро мавриди интиқод қарор дод.

«Аз шиорпартоӣ худдорӣ кунед, – гуфт Шукурҷон Зуҳуров ба муовини вазири саноат Акрам Рӯзизода, ки зимни суханронӣ аз минбари парлумон аз дастовардҳои саноати Тоҷикистон тайи солҳои ахир ҳарф мегуфт. – Ба ҳама маълум аст, ки саноати кишвар дар ҳоли начандон хуб қарор дорад ва имрӯз Вазорати саноат ба ҷойи пешоҳанг будан дар бунёди иқтидорҳои нав, ба ҳисоби маълумоти оморӣ машғул аст».

Ба гуфтаи Ш.Зуҳуров, бунёди як қатор иқтидорҳои нави истеҳсоли семент ва истихроҷи тилло дар ҷумҳурӣ ба ин масъала ҳеҷ муносибате надорад, зеро онҳо ба туфайли сармоягузориҳои хориҷӣ ва талошҳои соҳибкорони ватанӣ сохта шудаанд.

«Агар мо ҳақиқатан ҳам рушди саноати Тоҷикистонро хоҳем, пас Вазорати саноат бояд ба соҳибкорон таъзим кунад, на баръакс», – таъкид дошт раиси палатаи поёнии парлумон.

Ба суханронии вакили парлумон, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода, ки дар бораи ба сафи 20 кишвари рушдёфтаи ҷаҳон оид ба содироти хушкмева шомил будани Тоҷикистон маълумот дод, низ Шукурҷон Зуҳуров эрод гирифт.

Ӯ қайд кард, ки соли гузашта деҳқонони тоҷик аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна ҳудуди 15 сентнер ҳосили пахта ба даст оварда, ин ҳам дар ҳолест, ки фермерони Чин дар қитъаҳои иҷорагирифтаашон дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз як гектар беш аз 80 сентнер ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд.

«Мутобиқи стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2020, ҳудуди 35% аз ҳаҷми умумии ММД-ро бояд ҳиссаи саноат ташкил диҳад, – изҳор дошт Зуҳуров. – Соли гузашта ин нишондиҳанда 15%-ро ташкил дод ва барои ноил гардидан ба ҳадафҳои воқеъӣ аз ҳисоботдиҳиву шиорпартоӣ даст кашида, пурмаҳсул кор мебояд кард».

Вакилони мардумӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи сиёсати давлатии саноатӣ»-ро дастгирӣ намуданд, ки дар он таъсиси Фонди рушди саноат ва ташкили низоми ягонаи иттилоотии бахши саноати ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.

Муаллифони лоиҳаи қонун як гурӯҳи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони палатаи поёнии парлумон мебошанд, ки миёни онҳо собиқ президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, ки моҳи июни соли гузашта даргузашт, низ зикр шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.