Андешаи нав доред? Дар сомонаи Бонки Эсхата метавонед онро баён намоед!

Иттилоияи расмӣ

Зиндагӣ ба пеш меравад ва ҳамеша тағир меёбад. Дар он бисёр воқеаҳо ба вуқӯъ мепайванданд, ки бисёре аз онҳо ба идеяи нав ниёз доранд. Чуноне ки медонед, беҳтарин идея ногаҳон пайдо мешавад: дар хона, театр, ҳангоми мутолиаи китоби шавқовар, ҳангоми сайругашт ва ҳатто дар хоб.  

Бонки Эсхата боварӣ дорад, ки байни мизоҷон ва умуман муштариёни сомона одамоне ёфт мешаванд, ки идеяҳои беҳтаринро ба вуҷуд меоранд. Ва агар ин идеяҳо ба рушди фаъолияти бонк, беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ ва ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣ мусоидат кунанд, дучанд олиҷаноб  мешавад.

Ғоя ё ақидаи пешқадам доред? Дар сомонаи мо онро баён намоед. Барои ин ба суроғаи мазкур – www.eskhata.tj  даромада, дар саҳифаи асосӣ боби “Отправь идею”-ро пахш мекунед. Дар он маълумотҳои дархостшударо барои робитаи баръакс пур намуда, ба мо ирсол мекунед. Ҷараёни он бисёр осон ва қулай аст. Беҳтарин ғояҳо аз рӯи хулосаи комиссияи Бонки Эсхата имконияти ҷорӣ намуданро пайдо мекунанд.

Мизоҷон ва шаҳрвандони азиз! Барои мо андеша ва ақидаҳои беҳтарини шумо арзиши баланд доранд. Зеро идеяи Шумо метавонанд, ки фаъолияти Бонки Эсхатаро боз ҳам ба пешравӣ ва рушд равона карда, боз ҳам Бонки пешрафту  иноватсионӣ созад.

Бесаброна идеяҳои беҳтарини Шуморо интизорем!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...