Эмомалӣ Раҳмон сармоягузорони Қатарро ба Тоҷикистон даъват кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 феврал ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Давлати Қатар раҳсипор гардида, дар ин сафар сарвари давлатро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои кадрҳо, вазирони рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, нақлиёт, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раис ва муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахти Давлати Қатар – шаҳри Давҳа Президенти Тоҷикистонро бо нишони эҳтирому самимияти хоса намояндагони воломақоми Ҳукумати ин кишвар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар шаҳри Давҳа дар доираи сафари расмӣ Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Созмони сармоягузории Давлати Қатар Шайх Абдулло ибни Муҳаммад ибн Сауд Оли Сонӣ мулоқот намуда, дар мулоқот масоили марбут ба иштироки доираи иқтисодию сармоягузории Давлати Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги дорои аҳамияти миллию минтақавии Тоҷикистон ва дурнамою нақшаҳои ҳамкориҳои фаъолтари Тоҷикистону Созмони сармоягузории Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳусни эътимоду боварии комил омили муҳими ба роҳ монадани ҳамкориҳои дуҷониба маънидод гардид ва таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ҳавасманди ҷалби сармояи ин созмон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги энергетикӣ, кишоварзӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ мебошад.

Барои беҳтару хубтар гардидани ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ҳамчун қадами нахуст таъсиси Фони рушди Қатар оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна, Ширкати консталтингӣ ва Бонки сармоягузории Қатар дар Тоҷикистон амали муҳим арзёбӣ шуд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба маркази Бунёди Қатар ва Осорхонаи санъати исломӣ ташриф оварда, бо фаъолияти онҳо шинос шуд. Дар толори намоишгоҳ ба Эмомалӣ Раҳмон таърихи ташаккул, фаъолият ва дастовардҳои Бунёди Қатар муаррифӣ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки ин марказ намояндагии донишгоҳҳои бонуфузи 39 кишвари ҷаҳонро дар худ муттаҳид кардааст ва ба беш аз 5 ҳазор донишҷӯи давлатҳои хориҷ илмҳои замони муосир бо забони англисӣ омӯзонида мешавад.

Дар идома Президенти мамлакат ба Осорхонаи санъати исломӣ дар шаҳри Давҳа ташриф оварда, Дар ин ҷо ӯро раиси иҷроияи осорхона Салим ал-Асвад самимона истиқбол гирифтанд. Дар толорҳои осорхона Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ин маркази фарҳангӣ, таърихи ташаккули санъат ва тамаддуни исломӣ ошноӣ пайдо карданд. Пас аз шиносоӣ бо нигораҳои осорхона Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром нисбат ба таъриху фарҳанг ва мардуми ин кишвар дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошта, ба мамлакати дӯст шукуфоӣ ва ба халқи бародари Қатар саодатмандӣ орзу кард.

Дар доираи сафар дар шаҳри Давҳа вохӯрии Президенти Тоҷикистон бо доираи сармоягузорию молиявии Давлати Қатар баргузор шуда, сарвари давлати Тоҷикистон баргузории ин мулоқотро имконияти мусоиди муаррифии бештари роҳу самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон арзёбӣ карда, дар ҳузури намояндагони сершумори доираи молиявию сармоягузории Давлати Қатар бо нутқи пурмӯҳтаво баромад намуд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон айни замон тарҳу лоиҳаҳо ва барномаҳои зиёди манфиатовари иқтисодӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки ин амалия ҷалби сармояи бештари хориҷӣ ва технологияи муосиру замонавиро тақозо менамояд.

Лоиҳаҳои хурду бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, бунёди корхонаҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори туризм, аз ҷумла сайёҳати кӯҳӣ ва фароҳамсозии имкониятҳои мусоид барои содироти оби тозаи нӯшокӣ ба Давлати Қатар самтҳои афзалиятнок ва манфиатовари ҳамкории доираи сармоягузорию молиявии Тоҷикистону Қатар арзёбӣ гардид.

Аз доираи молиявӣ ва сармоягузорони Давлати Қатар даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории зичу мутақобилан судманд дар соҳаҳои номбаршуда ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо имконоту иқтидорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар кишвари мо аз наздик шинос шаванд.

Доир ба имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ба мисли энергетика, аз ҷумла дар бахшҳои гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий, бонкдорӣ ва системаи бонкӣ, сайёҳӣ ва ғайра Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев муаррифиномаи муфассал пешкаш намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.