Тоҷикистониён аз нерӯи барқ беш аз 200 млн. доллар қарздоранд

Ба аввали соли 2017 ҳаҷми умумии қарзи истифодабарандгони барқ дар Тоҷикистон 1 млрд. 577 млн. сомонӣ (беш аз 200 млн. доллар)-ро ташкил додааст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, аз ҳама бештар – ҳудуди 685 млн. сомонӣ ба қарзи аҳолӣ рост омада, аз ин миқдор наздики 495 млн. сомониро дар ширкат «қарзҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба аввали соли 2017 ҳаҷми умумии қарзи истифодабарандгони барқ дар Тоҷикистон 1 млрд. 577 млн. сомонӣ (беш аз 200 млн. доллар)-ро ташкил додааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, аз ҳама бештар – ҳудуди 685 млн. сомонӣ ба қарзи аҳолӣ рост омада, аз ин миқдор наздики 495 млн. сомониро дар ширкат «қарзҳои беэътимод» арзёбӣ мекунанд, яъне онҳо ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта ва давоми солҳои 2000-2010 ба вуҷуд омадаанд.

Қарзҳои худи «Барқи тоҷик» ба аввали соли равон беш аз 13,7 млрд. сомониро ташкил дода, аз ҷумла ширкат ба ҶСК «Ориёнбонк» 1 млрд. 346 млн. сомонӣ, нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» – 654 млн. сомонӣ, нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» – 458 млн. сомонӣ, Кумитаи андоз – 194 млн. сомонӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби хариди ангишт ва дигар навъи сӯзишворӣ – 51 млн. сомонӣ қарздор аст.

Ҳаҷми қарзҳои ҷорӣ назди Вазорати молия (аз ҳисоби қарзҳои дарозмуҳлат барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахши электроэнергетика) 11 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.