Ба аввали соли 2017 ҳаҷми умумии қарзи истифодабарандгони барқ дар Тоҷикистон 1 млрд. 577 млн. сомонӣ (беш аз 200 млн. доллар)-ро ташкил додааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, аз ҳама бештар – ҳудуди 685 млн. сомонӣ ба қарзи аҳолӣ рост омада, аз ин миқдор наздики 495 млн. сомониро дар ширкат «қарзҳои беэътимод» арзёбӣ мекунанд, яъне онҳо ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта ва давоми солҳои 2000-2010 ба вуҷуд омадаанд.
Қарзҳои худи «Барқи тоҷик» ба аввали соли равон беш аз 13,7 млрд. сомониро ташкил дода, аз ҷумла ширкат ба ҶСК «Ориёнбонк» 1 млрд. 346 млн. сомонӣ, нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» – 654 млн. сомонӣ, нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» – 458 млн. сомонӣ, Кумитаи андоз – 194 млн. сомонӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби хариди ангишт ва дигар навъи сӯзишворӣ – 51 млн. сомонӣ қарздор аст.
Ҳаҷми қарзҳои ҷорӣ назди Вазорати молия (аз ҳисоби қарзҳои дарозмуҳлат барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахши электроэнергетика) 11 млрд. сомониро ташкил медиҳад.



