Трамп Эронро ҳукумати шумораи яки пуштибон аз терроризм номид

Радиои Озодӣ

Президенти ИМА Доналд Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Fox News аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон интиқод намуда ва гуфтааст, ки ҳукумати Эрон аз он вақт ба ин тараф "густохтар" шуда ва ба Амрико "комилан беэҳтиромӣ" мекунад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Доналд Трамп гуфтааст, Эрон ҳукумати шумораи яки пуштибон аз терроризм аст.

«Ман фикр мекунам ин бадтарин созиши атомии мумкин буд. Фикр мекунам ин созише буд, ки ҳаргиз набояд дар мавриди он гуфтугӯ мешуд. Аз назари ман, шармовар аст, ки созише монанди он доштем ва бояд онро имзо намекардем ва ҳеҷ зарурат набуд, ки ин корро бикунем. Агар қарор аст ин корро бикунем (имзо кунем), бояд тавофуқи хубе дошта бошем», – иброз доштааст ӯ.

Ҳукумати Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрико аз созиши атомӣ миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ пуштибонӣ кардааст. Аз нигоҳи ҳукумати пешини Амрико, Эрон то пеш аз созиши ҳастаӣ, наздик буд ба маводи лозим барои сохтани ҷангафрзоҳои ҳастаӣ даст ёбад ва бинобар ин тавофуқ, ин кор ба таъхир афтод.

Доналд Трамп ҳини маъракаҳои интихоботи президентӣ борҳо аз созиши ҳастаӣ бо Эрон интиқод карда ва низ борҳо ҳукумати Барак Обамаро барои фиристодани пули нақд ба Эрон муттаҳам карда буд. Дар ҳамин мусоҳиба бо шабкаи Фокс Нюс, Трамп зикр кардааст, ки "мо ба онҳо 1,7 млрд доллар пули нақд додем."

Амрико борҳо ҳукумати Эрон муттаҳам ба ҳимоят аз терроризм кардааст. Ин суханон чӣ дар замони ҳукумати Обама ва ҳоло акнун дар замони Доналд Трамп такрор шудаанд. Эрон ҳамеша ин суханонро рад карда ва дар муқобил кишварҳои муттаҳиди Амрико дар минтақа, аз ҷумла Арабистони Саудиро муттаҳам ба ҳимоят аз терроризм кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.