Агентӣ: таъини Рустами Эмомалӣ ба мансаби раиси пойтахт қонунӣ аст

Дар Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон бар ин назаранд, ки дар таъини Рустами Эмомалӣ, писари президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси шаҳри Душанбе меъёрҳои қонунгузорӣ вайрон нашудааст. «Таъини Рустами Эмомалӣ ба мансаби раиси пойтахт идомаи сиёсати ҷавонсозии кадрҳо дар сохтори давлатист, ки тайи чандин сол дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст», – иброз дошт ба журналистон роҳбари […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон бар ин назаранд, ки дар таъини Рустами Эмомалӣ, писари президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси шаҳри Душанбе меъёрҳои қонунгузорӣ вайрон нашудааст.

«Таъини Рустами Эмомалӣ ба мансаби раиси пойтахт идомаи сиёсати ҷавонсозии кадрҳо дар сохтори давлатист, ки тайи чандин сол дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст», – иброз дошт ба журналистон роҳбари Агентии хизмати давлатии ҶТ Ҷумъа Давлатов.

Ӯ таъкид намуд, ки раисони шаҳру навоҳӣ давоми иҷрои уҳдадориҳои мансабиашон мустақиман ба нахуствазири кишвар тобеъанд ва «ғайр аз ин, ҳеҷ кас манъ карда наметавонад, ки фарзандони президент вазифаҳои баланд дар сохторҳои давлатиро ишғол намоянд».

Номбурда ҳамчунин хотиррасон кард, ки Рустами Эмомалӣ се маълумоти олӣ дорад, ки барои ишғоли вазифаи хизматчии давлатӣ барзиёд кофӣ аст.

Бино ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ба 3 ҳазору 867 ҷойҳои кории холии давлатӣ беш аз 5,5 ҳазор нафар довталабӣ карда, вале ба ҷойҳои корӣ дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ хоҳишмандон начандон зиёд буда, ба 734 вазифа ҳеҷ кас ариза надодааст, ки ба андешаи Давлатов, ин ҳолат дар натиҷаи хунукназарии хадамотиҳои кадрии худи ҳокимияти маҳалҳо ба вуҷуд омадааст.

«Ба андешаи он, ки одамон ба баъзе сохторҳои давлатӣ барои музди меҳнати паст ба кор намераванд, розӣ нестам, – қайд кард ӯ. – Соли 2000 музди меҳнати миёнаи хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон 23 сомонӣ дар як моҳро ташкил медод, соли гузашта бошад, ба беш аз 1 ҳазор сомонӣ расид».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.