Дарёфти ҷасади гумшуда дар роҳи Душанбе – Хуҷанд

Дар роҳи Душанбе – Хуҷанд наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади мардеро дарёфтанд, ки аз 28 январ бедаракшуда шуморида мешуд. Бар асари тармафароиҳои рӯзҳои 28-29 январ дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд нуҳ нафар ба ҳалокат расида, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда ҷасади нафари даҳуми ҳалокшуда низ дарёфт гардид. Тавре аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳи фавқулода дар […]

Asia-Plus

Дар роҳи Душанбе – Хуҷанд наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади мардеро дарёфтанд, ки аз 28 январ бедаракшуда шуморида мешуд.

Бар асари тармафароиҳои рӯзҳои 28-29 январ дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд нуҳ нафар ба ҳалокат расида, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда ҷасади нафари даҳуми ҳалокшуда низ дарёфт гардид.

Тавре аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳи фавқулода дар ин робита иттилоъ доданд, ҳамаи ҷасадҳо ба наздикону хешовандонашон супурда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ному насаби ҳалокшудагон то ҳол маълум нест. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора маълумот надоранд. Танҳо номи корманди милитсияи ҳалокшуда Саюмарс Гулмадов маълум аст, ки ҳангоми кӯшиши ёрӣ ба одамон зери тарма мондааст.

Аз филиали филиали ширкати IRS ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки айни замон бар асари тармафароиҳои нав, ҳаракати нақлиёт аз километри 48 то 73-юми роҳи Душанбе– Чанок (аз мавзеи Ҳушёрӣ то ағбаи Майхӯра) муваққатан баста шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои иҷрокунандаи вазифаи сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ВМКБ Гулша Насиллоев, муддати ду ҳафта аст, ки аз тамоми самтҳо ҳаракати нақлиёт ба маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғ хеле душвор буда, ба сохторҳои КҲФ танҳо ба як муддате кушодани роҳи Хоруғ – Душанбе барои равуои нақлиёт муяссар мешавад.

«Барфрезии ҳашт рӯзи охир имкон намедиҳад, ки роҳҳо пуррра аз барф тоза карда шаванд, – мегӯяд номбурда. – Бар асари барфрезии зиёд дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Ванҷ, ҳамчунин шаҳри Хоруғ фурӯнишинии боми хонаву биноҳо ба қайд гирифта шудааст».

Бино ба маълумоти ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ВМКБ, рӯзҳои истироҳат дар деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнон ҳангоми ба чорвои хонагӣ хӯрок додан қабати барфи бом ба болои сокини калонсоли деҳа афтода, ба ҳалокати ӯ боис гардидааст. Ғайр аз ин, кӯдаки 5-солаи деҳаи Вужи ҳамин ноҳия ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ҳамроҳи бобояш ба дарё афтода, ғарқ шудааст.

Қаблан зикр гардида буд, ки аввали ҳафтаи пешин бар асари ин ҳодисаҳо сокини ноҳияи Ишкошим ва хизматчии ҳарбии Қушӯнҳои сарҳадӣ фавтида буданд.

Ба гуфтаи Г.Насиллоев, хадамоти истифодабарии роҳҳо дар ҳамдастӣ бо сохторҳои мудофиаи граждании вилоят ҷиҳати дар муддати 2-3 рӯзи наздик боз кардани алоқаи автомобилӣ ба ҳамаи самтҳо аз шаҳри Хоруғ тадбирҳои меандешанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода огоҳ мекунад, ки боришҳои рӯзҳои гузашта муҷиби ғарами барф дар бомҳои хонаҳои истиқоматӣ ва муассисаҳо шуд. Бар асари ҳавои тағйирёбанда ва афтиши ҳарорат дар қаламрави кишвар хатари лағзиши барфтӯда ва яхпора аз бомҳо, ҳамчунин канда шудани шушаҳои овезон аз лабгӯшаи бомҳо афзудааст ва ин метавонад сабабгори ҷароҳатдор шудани одамон ва ҳодисаҳои нохӯши дигар шавад.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки Кумита бори дигар аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳо ва манотиқи хатарноки тармахез худдорӣ кунанд ва хеле эҳтиёткор бошанд, зеро хатари лағзиши тарма дар ин роҳҳо ҳамоно зиёд аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.