Гуфтушуниди мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон

Дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон вохӯрии раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Мирбек Қосимқулов ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ доир гардид. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии кишвари ҳамсоя, зимни мулоқот роҳбарони мақомоти марзбонии кишварҳо доир ба вазъ дар марзи давлатӣ ва дигар ҳудудҳои берунаи қаламрави ИДМ таббодули назар намуда, ҳамчунин […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон вохӯрии раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Мирбек Қосимқулов ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ доир гардид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии кишвари ҳамсоя, зимни мулоқот роҳбарони мақомоти марзбонии кишварҳо доир ба вазъ дар марзи давлатӣ ва дигар ҳудудҳои берунаи қаламрави ИДМ таббодули назар намуда, ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд.

«Дар ҷараёни гуфтушунид ба масъалаи тадбирҳои муштараки дуҷониба ҷиҳати пешгирӣ ва ҳаллу фасли вазъҳои мухолифатомез дар марз таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ ба намояндагони мақомоти марзбонии вилояти Ботканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Қирғизистон дастур дода шуд, ки нақшаи амалҳои муштарак ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои низоъ дар марзро таҳия намоянд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, бо мақсади пешгирии низоъҳо миёни аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ оид ба масъалаҳои обу замин ва дигар ҳолатҳои хоҷагидорӣ, тасмим гирифта шудааст, ки ба фаъолияти намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ҳарду ҷониб тақвият бахшида шавад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳарду ҷониб барои нигаҳдориву густариши робитаҳои дӯстиву ҳамҷаворӣ, зарурати баргузории чорабиниҳои гуногуни муштарак миёни ҷавонон, аз ҷумла ба муносибати ҷашни Рӯзи сарҳадбонро таъкид намудаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.