Рекорди ҷаҳонӣ: парвози 16-соатаи бидуни таваққуфи ҳавопаймои Qatar Airways

Ҳавопаймои ширкати Qatar Airways аз рӯи муддати парвози бидуни таваққуф бо мусофирон дар дохилаш рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Фосилаи вақти парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Давҳа (Қатар) – Окленд (Зеландияи Нав) каме бештар аз 16 соатро ташкил дода, дар ин муддат ҳавопаймо 14 ҳазору 535 километр ва 6 минтақаи соатиро тай намуд. Бино ба иттилои «Медуза» бо […]

Asia-Plus

Ҳавопаймои ширкати Qatar Airways аз рӯи муддати парвози бидуни таваққуф бо мусофирон дар дохилаш рекорди ҷаҳонӣ гузошт.

Фосилаи вақти парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Давҳа (Қатар) – Окленд (Зеландияи Нав) каме бештар аз 16 соатро ташкил дода, дар ин муддат ҳавопаймо 14 ҳазору 535 километр ва 6 минтақаи соатиро тай намуд.

Бино ба иттилои «Медуза» бо истинод ба The New Zealand Herald, ҳавопаймои мазкур 15 дақиқа барвақттар аз муҳлати пешбинишуда ба фурудгоҳи Окленд нишаста, хатсайр тавассути ҳавопаймои навъи Boeing 777 анҷом дода шудааст, ки 249 нафар муссофиронро дар дохилаш гирифта метавонад.

Гуфта мешавад, парвози бозгашт аз Окленд ба Давҳа ба иллати суръати шиддатноки шамоли рӯ ба рӯ метавонад беш аз 17 соатро ташкил диҳад.

«Тӯли парвоз (тариқи хатсайри Давҳа – Окленд – Давҳа) ба мусофирон ҳудуди 1 ҳазору 100 пиёла чойу қаҳва, 2 ҳазор пиёла нӯшокиҳои ташнашикан ва 1036 зарфҳои маҷмӯаи ғизо пешкаш карда мешавад», – менависад нашрияи The New Zealand Herald.

Рекорди пешини парвози тӯлонитарини бидуни таваққуфи ҳавопаймои мусофирбар ба ширкати Emirates тааллуқ дошт, ки парвозҳо ба Окленд аз фурудгоҳи Дубайро анҷом медод ва фосилаи вақти ин парвоз наздики 15 соатро дар бар мегирифт.

Дар ҳамин ҳол, аллакай соли 2018 ширкатҳои ҳавопаймоии Сингапур бо оғози парвозҳо тавассути хатсайри Сингапур – Ню-Йорк аз рекорди Qatar Airways пеш гузаштанианд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.