Шӯрои уламо: Рӯзи Валентин ба дини ислом ҳеҷ рабте надорад

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Яке аз корбарони сомонаи Шӯрои уламо бо чунин савол муроҷиат кардааст: «Оё таҷлили иди ошиқон (Валентина) дуруст аст?». Дар посух Шӯрои уламо ҷашни ин рӯзро мухолифи ислом унвон кардааст.

«Иди ошиқон ба дини Ислом ҳеҷ рабте надорад, зеро шариат муоширати маҳрамонаи бе никоҳро манъ кардааст, – қайд мешавад дар посух. – Аз нигоҳи дини Ислом ишқи поку самимӣ пас аз никоҳ сурат мегирад, ки он дар асоси меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва эҳсоси масъулият зиндагиро пеш бурдан аст».

Ҳамчунин хотиррасон мешавад, ки дар дини мубини Ислом ду ид – Иди Рамазону Иди Қурбон аст ва илова бар ин, ҳар рӯзе, ки инсон дар он гуноҳ намекунад, он рӯз низ ид аст.

Рӯзи Валентини муқаддас ё худ Рӯзи ошиқонро санаи 14 феврал дар аксари кишварҳои дунё ҷашн мегиранд. Бештар онро ҷавонон ва ошиқон таҷлил мекунанд. Онҳо ҳамдигарро бо  ин рӯз табрику таҳният гуфта, ба ҳамдигар туҳфаҳои ошиқона ҳадя мекунанд ва аз ишқу муҳаббати худ нисбати ҳамдигар хабар медиҳанд.

Дар бораи шахсияти Валентин сарчашмаҳои зидду нақиз хеле зиёданд. Баъзеҳо мегӯянд, ки Валентин як табиб буд ва барои мардумро бо ким-кадом қувва табобат кардан ба зиндон афтодааст. Дар он ҷо ба духтари посбони зиндон ошиқ мешавад. Аммо онҳо ба висоли ҳам нарасиданд, чун рӯзи 14-уми феврал Валентинро ба қатл мерасонанд. Сарчашмаи дигар чунин мегӯяд, ки Валентин руҳонии римӣ буда, дар нимаи дуюми асри 3 зиндагӣ кардааст. Дар ин давра шоҳ Клавдийи 2 ба сарбозонаш барпо намудани оиларо манъ кард. Ӯ мегуфт, ки «занҳо ба мардҳо халал мерасонанд, онҳо ҷанг кардан намемонанд. Маҳз занҳо гунаҳкоранд, ки мардҳо дар ҷанг шикаст мехӯранд».

Валентин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ошиқонро пинҳонӣ ба ҳам никоҳ мекард. Шоҳ аз ин кораш хабар ёфта, ӯро зиндонӣ кард ва ҳукми қатл дод. Вақти дар зиндон буданаш, посбони зиндон аз ӯ мехоҳад, ки духтари нобинояшро табобат кунад. Валентин он духтарро табобат мекунад. Чун духтар бино мегардад, Валентини ҷавону зеборо дида, ба ӯ ошиқ мешавад. Вале аз он, ки Валентин ҳам ӯро дӯст медорад, танҳо баъди маргаш хабар меёбад. Шаби пеш аз маргаш Валентин ба духтар нома навишта, дар он аз ишқу муҳаббати худ нисбати ӯ хабар медиҳад ва рӯзи 14-уми феврал Валентинро ба қатл мерасонанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

wdsdwdfsad

safsfsfsfsdf

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.