Пирӯзии президенти феълии Туркманистон дар интихобот

Президенти феълии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо касби 97,69 дарсади оро дар интихоботи президентии 12 феврал пирӯз эълом шуд. Ба ғайр аз ӯ дар интихобот боз ҳашт номзади дигар ширкат доштанд. Кумисюни марказии интихоботии Туркманистон гуфтааст, зиёда аз 97%-и интихобкунандагон райъ доданд. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба бахши туркмании Радиои Озодӣ, ширкати […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти феълии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо касби 97,69 дарсади оро дар интихоботи президентии 12 феврал пирӯз эълом шуд. Ба ғайр аз ӯ дар интихобот боз ҳашт номзади дигар ширкат доштанд. Кумисюни марказии интихоботии Туркманистон гуфтааст, зиёда аз 97%-и интихобкунандагон райъ доданд.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба бахши туркмании Радиои Озодӣ, ширкати интихобкунандагон чандон назаррас набуд. Дар интихоботи президентии 12 феврали Туркманистон шаш нозири байнулмилалӣ аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ҳузур доштанд. Онҳо ҳанӯз аз мушоҳидаҳои худ хабар надодаанд, аммо дар гузашта САҲА ҳеч яке аз интихоботҳои Туркманистонро озоду одилона нашумурдааст.

Бердимуҳаммадов бори аввал дар соли 2007 раисиҷумҳури Туркманистон шуд. Моҳи сентябри соли 2016 ба Қонуни асосии ин кишвар тағйиру иловаҳое ворид гашт, ки мӯҳлати раёсатҷумҳуриро аз 5 ба 7 сол расонд. Ҳамзамон бо ин маҳдудияти синнусолии номзади президентӣ низ бекор карда шуд.

Туркманистон аз рӯйи захираҳои гази табиӣ дар ҷаҳон ҷои чаҳорумро мегирад. Он ба Русия, Чин ва Эрон газ мефурӯшад. Ба гузориши СММ, аҳолии ин ҷумҳурии Шӯравии пешин дар ҳоли фақр ба сар мебарад. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон Бердимуҳаммадовро ба нақзи ҳуқуқи инсон, саркӯби мухолифон ва набуди озодии сухан айбдор мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.