«Газпром» ҷустуҷӯи нафту газ дар Тоҷикистонро қатъ кард

Ширкати Gazprom International (корхонаи фаръии Газпром дар хориҷи кишвар) ду иҷозатномаи ахираш барои ҷустуҷӯи нафту газ дар Тоҷикистонро супурд. «Дар «Шаҳринав» захираҳои саноатии нафту газ ба даст оварда нашуда, дар натиҷа Комиссияи марказии истифодаи боигариҳои зеризаминӣ ва идоракунии ҳаракати иҷозатномаҳои «Газпром» дар ниҳояти кор тасмим гирифт, ки иҷозатнома барои «Сариқамиш»-ро супорад», – қайд мешавад дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати Gazprom International (корхонаи фаръии Газпром дар хориҷи кишвар) ду иҷозатномаи ахираш барои ҷустуҷӯи нафту газ дар Тоҷикистонро супурд.

«Дар «Шаҳринав» захираҳои саноатии нафту газ ба даст оварда нашуда, дар натиҷа Комиссияи марказии истифодаи боигариҳои зеризаминӣ ва идоракунии ҳаракати иҷозатномаҳои «Газпром» дар ниҳояти кор тасмим гирифт, ки иҷозатнома барои «Сариқамиш»-ро супорад», – қайд мешавад дар сомонаи Gazprom International.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки «бинобар сабаби шароитҳои ниҳоят душвори кӯҳиву геологӣ» иҷозатнома ба қитъаи Шоҳамбарии Ғарбӣ низ супорида мешавад.

Таъкид мешавад, ки айни замон масъалаи имкони гирифтани иҷозатнома ба қитъаҳои ояндадори нафту газ дар қисмати ҷанубу ғарбӣ ва шимоли Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

«Дар аксари қитъаҳои ояндадори мавриди баррасӣ қарордошта замони шӯравӣ захираҳои саноатии нафту газ кашф ва баҳогузорӣ шуда, дар сурати қабули қарор дар бораи азхудкунии онҳо, Gazprom International ҳамаи корҳои техникӣ  ва дигар чорабиниҳои марбут ба дубора баргузории корҳои иктишофӣ ва геологиро анҷом медиҳад, – зикр мегардад дар маълумот. – Дар сурати ифтитоҳу оғози азхудкунии конҳо, таъсиси корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия ё имзои Созишнома дар бораи тақсимоти маҳсулот пешбинӣ шудааст».

Ёдрас мекунем, ки соли 2006 «Газпром» барои омӯзиши геологиии майдони ояндадори Саргазон (70 километрии ҷанубу шарқи Душанбе) ва Ренгон (20 километрии ҷануб) иҷозатномаҳо гирифта, вале барои гузаштан ба марҳилаи фаъоли корҳо дар минтақа, танҳо соли 2008 баъди дастрасии боз ду иҷозатномаи корҳои кашфу геологӣ дар майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ корҳоро оғоз намуд.  

Қаблан иттилоъ дода будем, ки ширкати русиягии «Газпром» ду иҷозатномаи боқимондааш барои корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон – дар қитъаҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбиро месупорад.

Аммо баъдтар роҳбари намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон Игор Шаталов изҳор карда буд, ки Супурдани ду иҷозатнома (дар майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) маънои онро надорад, ки ширкат ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон комилан хотима мебахшад. "Мо дигар шаклҳои фаъолият дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунем", – изҳор дошта буд ба «Азия-Плюс»  Игор Шаталов.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Мебояд гуфт, айни замон дар Тоҷикистон корхонаи дигари фаръии «Газпром» – ҶДММ «Газпромнефт – Тоҷикистон»  низ фаъолият дорад, ки ба таҳвил ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар ҷумҳурӣ машғул аст.

Дар ҳамин ҳол, Мурод Хол, сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 9 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард,а аммо гуфтааст, ширкати “Газпром” то ҳол далели қатъи корашро шарҳ надодааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.