Шаҳрдории пойтахт ба ҷаримаи калӯшпӯшон дастур надодааст

Дар Душанбе овозаҳое ҷой доранд, ки барои пӯшидани калӯш кормандони милитсия чандеро ҷарима кардаанд. Дар мақомоти шаҳрдорӣ итминон доданд, ки чунин дастур содир нашудааст. Дар ин робита якчанд нафар ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки назди маркази савдои «Садбарг» кормандони милитсия онҳоро барои пӯшидани калӯш ҷарима карда, маблағи ҷарима 60 сомонӣ (тақрибан 7,5 […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар Душанбе овозаҳое ҷой доранд, ки барои пӯшидани калӯш кормандони милитсия чандеро ҷарима кардаанд. Дар мақомоти шаҳрдорӣ итминон доданд, ки чунин дастур содир нашудааст.

Дар ин робита якчанд нафар ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки назди маркази савдои «Садбарг» кормандони милитсия онҳоро барои пӯшидани калӯш ҷарима карда, маблағи ҷарима 60 сомонӣ (тақрибан 7,5 доллар)-ро ташкил додааст, ки каме бештар аз 1 нишондиҳандаи ҳисоб (аз 1 январ – 50 сомонӣ) мебошад.

«Ҳамаи ин овозае беш нест, – гуфт ба «Азия-Плюс» дар ин робита котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Абдулмаҷид Усмонов. – Аз ҷониби мақомоти шаҳрдорӣ чунин дастуре сурат нагирифтааст».

Дар Вазорати корҳои дохилӣ низ ин маълумотро тасдиқ накарда, котиби матбуотии Вазорат Умарҷони Эмомалӣ ба «Азия-Плюс» зикр намуд, ки вазорат чунин дастур ё супорише содир накардааст ва оид ба ин масъала ба мақомоти шаҳрдорӣ муроҷиат кардан даркор аст.

Дар Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин тавсия доданд, ки дар сурати аз ҷониби кормандони милитсия ба инобат нагирифтани ҳуқуқҳои одамон ва ҷаримабандиҳои беасос, тариқи телефони 221-21-21 ё тавассути телефони мобилӣ – 1919 онҳо аз ин ҳодисаҳо хабардор карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи декабри соли гузашта собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рафтори ношоистаи чанде аз сокинони пойтахтро, ки тартиботи ҷамъиятиро риоя накарда, дар макони издиҳоми мардум ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо сарулибоси хонагӣ ҳозир мешаванд, мавриди интиқод қарор дода буд.

Дар ҳамин ҳол, аввали моҳи феврал Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба тамоми муассисаҳои таълимӣ мактуб ирсол намуд, ки дар он ба омӯзгорон, толибилмони мактабҳо ва донишҷӯён пӯшидани сарулибос аз матоъҳои анъанавӣ тавсия дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.