Кӯчонидани одамон аз макони хавфи вайроншавии сарбанди баландтарин дар ИМА

Дар ИМА кӯчонидани таъҷилии аҳолӣ, ки поинтар аз сарбанди Оровилл дар қисмати шимолии штати Калифорния зиндагӣ мекунанд, эълон шудааст. Дар ин бора Лента.ру бо истинод ба Reuters хабар медиҳад. Ҳукуматдорон аз он нигаронанд, ки обпартои бар асари зангзанӣ (эрозия) осебдида соатҳои наздик метавонад рахна шуда, ба поинравии маҷрои хеле зиёди об, ки назораташ ғайриимкон аст, […]

Asia-Plus

Дар ИМА кӯчонидани таъҷилии аҳолӣ, ки поинтар аз сарбанди Оровилл дар қисмати шимолии штати Калифорния зиндагӣ мекунанд, эълон шудааст. Дар ин бора Лента.ру бо истинод ба Reuters хабар медиҳад.

Ҳукуматдорон аз он нигаронанд, ки обпартои бар асари зангзанӣ (эрозия) осебдида соатҳои наздик метавонад рахна шуда, ба поинравии маҷрои хеле зиёди об, ки назораташ ғайриимкон аст, боис мегардад.

Барои ба садама роҳ надодан, партоби об то 100 ҳазор фути мукааб (2,8 ҳазор метри мукааб) дар як дақиқа афзуда шудаааст. Ҳаҷми обанбор ҳудуди 4,3 млрд. метри мукаабро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, дар шаҳри Оровилл беш аз 16,2 ҳазор нафар иқомат дошта, ба онҳо тавсия дода шудааст, ки макони зисташонро ба ҷуз самти шимол (макони ҷойгиршавии сарбанд) тарк намоянд.

Зикр мегардад, ки рӯзи 11 феврал баъди боришоти шадиди борон, об аввал тариқи обпартои эҳтиётӣ ва сипас аз болои обпартои асосӣ ҷорӣ шуда, обпартои асосӣ осеб дидааст. Имсол дар минтақаи мазкур боришоти зиёд ба вуқӯъ пайваста, сатҳи оби кӯл ба таври қобили мулоҳиза боло рафтаааст.

Сарбанди Оровилл давоми солҳои 1962-1968 сохта шуда, иншооти бузургтарини гидротехникӣ бо баландии 230 метр дар ИМА аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.