Ифтитоҳи консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар 2 шаҳри бузурги Русия

Дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирски Русия консулгариҳои генералиии Тоҷикистон боз шуданд. Собиқ роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлаталӣ Назризода консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва Шамсиддин Зардӣ консул дар шаҳри Новосибирск таъин шудаанд. Айни замон корҳои тадорукотии роҳандозии фаъолияти консулгариҳо мавриди ҳаллу фасл қарор доранд. Қобили зикр аст, ки то ифтитоҳи консулгариҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирски Русия консулгариҳои генералиии Тоҷикистон боз шуданд.

Собиқ роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлаталӣ Назризода консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва Шамсиддин Зардӣ консул дар шаҳри Новосибирск таъин шудаанд. Айни замон корҳои тадорукотии роҳандозии фаъолияти консулгариҳо мавриди ҳаллу фасл қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки то ифтитоҳи консулгариҳои генералӣ дар шаҳрҳои Санкт-Петербургу Новосибирск, дар Русия ду консулгарии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа амал мекарданд, ки консулгарӣ дар Екатеринбургро – Сафар Сафаров ва дар Уфаро – Олимхон Шамсов роҳбарӣ мекарданд.

Акнун бо барҳам додани ниҳоди консули фахрӣ дар Санкт-Петербург, танҳо дар шаҳрҳои Калиниград ва Петрозаводск консулҳои фахрии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон амал мекунанд, ки ин вазифаҳоро дар Калиниград – Солеҳ Исоев ва дар Петрозаводск – Иномҷон Ашрапов ба уҳда доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.