Пешгирии қочоқи «Тойота ленд Крузер-200» ба Афғонистон

Шаҳрванди Афғонистон бидуни анҷоми расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ ният дошт, ки автомашинаи гаронбаҳоро аз Тоҷикистон ба кишвараш интиқол диҳад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳангоми кӯшиши ба Афғонистон интиқол додани автомашинаи тамғаи «Тойота ленд Крузер-200»-и истеҳсоли соли 2016, ки арзишаш 480 ҳазор сомонӣ (60,7 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад, кормандони […]

Asia-Plus

Шаҳрванди Афғонистон бидуни анҷоми расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ ният дошт, ки автомашинаи гаронбаҳоро аз Тоҷикистон ба кишвараш интиқол диҳад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳангоми кӯшиши ба Афғонистон интиқол додани автомашинаи тамғаи «Тойота ленд Крузер-200»-и истеҳсоли соли 2016, ки арзишаш 480 ҳазор сомонӣ (60,7 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад, кормандони гумрук шаҳрванди Афғонистон Султон Муҳаммад Наимро боздошт намудаанд.

Гуфта мешавад, зимни санҷиш гумрукӣ маълум шудааст, ки автомашинаи мазкур аз тарафи шахсони номаълум бидуни анҷоми расмиёти гумрукӣ  ба таври қочоқ ба марзи Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 289 қисми 1 (қочоқ-и) Кодеси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.