«Газпром» ба шимоли Тоҷикистон кӯч мебандад?

– Супурдани ду иҷозатнома (дар майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) маънои онро надорад, ки ширкат ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон комилан хотима мебахшад. Мо дигар шаклҳои фаъолият дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунем», – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» роҳбари намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон Игор Шаталов. Ба гуфтаи ӯ, тасмими пеш аз муҳлат супурдани ду иҷозатнома ба […]

Asia--Plus



– Супурдани ду иҷозатнома (дар майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) маънои онро надорад, ки ширкат ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон комилан хотима мебахшад. Мо дигар шаклҳои фаъолият дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунем», – изҳор дошт

ба «Азия-Плюс»

роҳбари намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон Игор Шаталов.

Ба гуфтаи ӯ, тасмими пеш аз муҳлат

супурдани ду иҷозатнома

ба сабабҳои объективӣ вобаста буда, он асосан ба сиёсати номақбули андоз дар ҷумҳурӣ дахл дорад.

«Мо ду моҳ пеш Вазорати энергетика ва Саридораи геологияро дар бораи нияти супардани иҷозатномаҳо огоҳ карда будем. Сухан сари он меравад, ки дар шароити ҳозираи андозбандӣ ва нархҳо ба нафт, дар ин самт кор кардан фоидаовар нест. Агар имконият диҳанд, мо дигар лоиҳаҳоро баррасӣ мекунем, аз ҷумла роҳандозии фаъолият дар майдонҳо ё конҳои қаблан кашфшудаи минтақаи шимоли Тоҷикистон», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки тӯли таоми солҳои фаъолият дар Тоҷикистон ширкати Gazprom International 6 млрд. рубли русӣ хароҷот кардааст, ки ҳудуди 1,5 млрд. рубл барои пардохти андозҳо равона гардидааст.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки ширкати русиягии «Газпром» ду иҷозатномаи боқимондааш барои корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон – дар қитъаҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбиро месупорад. Дар ин бора дар 

ҳисоботи семоҳаи

  интишоршудаи ширкат хабар дода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.