Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Душанбе иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад;

– Соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нишасти хабарии вазири корҳои хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ баргузор мешавад;

– Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Туркия барпо мешавад. Оғози форум соати 11:30.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.9275 сомонӣ;

1 евро – 8.3691 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1371 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1977 — Газетаи нахустини тариқи телеграф чопшуда аз Маскав ба Душанбе расид.

2005 – Таъсиси ҶСК «НОБ-и Сангтӯда-1»-и Русияву Тоҷикистон.

2007 — Дар марҳилаи навбатии Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар Будапешт гуштигири тоҷик Расул Боқиев ба дарёфти медали тилло ноил гардид.

2014 — Сартароши ба 17 соли зиндон маҳкумшуда Умед Тешаев бо зарбаҳои қайчӣ сардори тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кӯлоб полковник Умар Қаюмовро ба ҳалокат расонид.

1954 – Зодрӯзи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруф ва сиёсатмадор.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +1+6.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона +3+8; дар шарқ шабона -14-19, рӯзона -2-7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда аксаран бидуни боришот, туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +3+8. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад, туман.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +15+17.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона +4+6.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...