ВАО: Парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Тошканд бо айби «Сомон Эйр» ба таъхир афтод

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Хабаргузории ӯзбекистонии Kun.uz маълумотеро интишор намуд, ки дар он гуфта мешавад, парвози ҳавопаймои аввал бо хатсайри Душанбе – Тошканд бо айби ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба таъхир афтодааст, ки саривақт ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон пешниҳод накардааст.

– Парвози ҳавопаймои нахуст тавассути хатсайри Душанбе – Тошканд – Душанбе, ки бояд санаи 20 феврал аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом дода мешуд, бо айби ҷониби Тоҷикистон ба таъхир гузошта шуд, – иттилоъ дод хабаргузории Kun.uz бо истинод ба намояндаи мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон.

Дар маълумот қайд мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон саривақт расмиёти маъмурии дахлдорро ба иҷро нарасонида, дар муҳлати муқарраршуда ҳуҷҷатҳои расмиро ба Тошканд ирсол накардааст. Дар хабар доир ба талаб шудани маҳз кадом ҳуҷҷатҳо маълумот дода намешавад.

Ҳамчунин мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон маълумоти чанде қабл интишоршуда дар ВАО доир ба хоҳиш надоштан ва омода набудани Тошканд ба қабули ҳавопаймо аз Душанберо рад кардаанд.

Тибқи маълумоти хабаргузории ӯзбекистонӣ, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аллакай барои паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ аз Тошканд маъзарат хостааст.

Гуфта мешавад, ояндаи наздик ширкати миллии ҳавопаймоии ӯзбекистонии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари», ки баробар бо ширкати тоҷикистонӣ парвозҳо ба Душанберо анҷом медиҳад, оид ба ин масъала маълумоти расмӣ интишор хоҳад кард.

Дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» алҳол ин маълумоти интишоршуда дар ВАО-и Ӯзбекистонро шарҳу тавзеҳ намедиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки бо ҳавопаймои аввал тариқи хатсайри Душанбе – Тошканд бояд 26 нафар мусофирон ба пойтахти Ӯзбекистон парвоз мекарданд. Барои ба таъхир афтодани ин парвоз аз ҳама мусофирон маъзарат хоста шуда, маблағҳои харҷшудаи мусофирон бозпас баргардонида шуданд.

Дар худи ширкати ҳавопаймоӣ чанде қабл ба масъала каме рӯшанӣ андохта, зикр карданд, ки «Сомон Эйр» дар ҳамдастӣ бо ҳамтоҳояшон аз «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» масоили техникии роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайрро баррасӣ доранд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...